ВОХӮРИИ РАҲИМ САИДЗОДА БО ҶОН МАРК ПОММЕРШАЙМ

25-04-2022
25-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва роҳбари Агентии рушди байналмилалии ИМА дар Тоҷикистон (USAID) Питер Райли доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, мудири шуъбаи маорифи USAID Анжелика Маҳал ва дигар намояндагони ҷонибҳо иштирок намуданд. 
Зикр гардид, ки ҳадаф аз вохӯрии мазкур шиносоӣ, баррасии ҳамкориҳо ва музокирот дар бобати лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илм ва USAID “Ҳамроҳ биомӯзем” мебошад. 
Р. Саидзода-вазири маориф ва илм зимни суханронии худ иброз дошт, ки ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаи маориф ва илм дар доираи лоиҳа ва барномаҳое, ки аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА дар соҳаи маориф ва илм маблағгузорӣ мешаванд, ба роҳ монда шудааст. Айни замон, ҳашт маркази амрикоӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Кӯлоб, Хоруғ, Бохтар, Ғарм ва Панҷакент фаъолият мекунанд. Марказҳои мазкур ба кулли хоҳишмандон ҳамарӯза маҳфилҳои гуногуни забономӯзӣ, истифодабарии технология, иштирок дар мизҳои мудаввар бо мутахассисони соҳавӣ, истифодабарии интернети баландсуръат бо мақсади омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ғайра ба таври ройгон пешкаш менамояд. Агентии рушди байналмилалии ИМА дар Тоҷикистон (USAID) ва Ташкилоти Шуроҳои Амрикоӣ оид ба таҳсилоти байналмилалӣ (ACTR/ACCELS) ташкилотҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм фаъолият доранд. Дар самти ҳамкориҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шурӯъ аз соли 2007 то ба имрӯз факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо Сафорати ИМА ҳамкории хешро ба роҳ мондааст. Дар заминаи ин ҳамкорӣ ҳамасола ба донишгоҳ як нафар омӯзгори соҳибзабон барои дарс гуфтан ташриф меоварданд. Самараи ҳамин ҳамкориҳо буд, ки дар соли хониши 2020-2021 бо маблағгузории Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар заминаи факултети забони англисӣ “Маркази захиравӣ” ташкил карда шудааст. 
Ҳамчунин, зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илм бо USAID дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Моҳи июли соли 2017 оид ба фаъолият оғоз намудани лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” Ёддошти тафоҳум миёни вазорат ва USAID ба имзо расид. Лоиҳа дар самти зиёд намудани дастрасӣ ба маводи босифати хониш, такмили ихтисоси омӯзгорон оид ба таълими хониш ва арзёбии рушди малакаҳои хониш, пешниҳоди навовариҳо ва рушди ҳамкориҳо барои дастгирии дастовардҳои таълимии хониш, инчунин рушди дастгирии Ҳукумат дар самти тақвияти хониш фаъолият менамояд. Аз ҷониби Лоиҳа дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм дар маҷмӯъ 179 номгӯйи китоби бадеии кӯдакона ба миқдори зиёда аз 1 300 000 нусха бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои синфҳои ибтидоӣ ба 3001 муассисаи таълимии такягоҳии Лоиҳа ба тариқи ройгон дастрас гардид. Ҳамчунин, дар ин замина 16 номгӯйи аёниятҳои таълимию методӣ низ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуд. 
Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ҳангоми суханронии хеш зикр кард, ки USAID, ки узви Шӯрои ҳамоҳангии шарикон мебошад, дар қатори Сафорати Амрико бо Вазорати маориф ва илм ҳамкорӣ менамояд. Ҳамзамон, USAID дар самти ислоҳоти соҳаи маориф дар таҳияи Стратегияи миллӣ оид ба рушди маориф (2021-2030) иштирок намудааст. 
-Бояд бигӯям, ки барномаи “Ҳамроҳ бихонем”-и USAID ба итмом расид ва мехоҳем ба барномаи дигар, ки “Ҳамроҳ биомӯзем” ном дорад, гузарем ва ҳадаф аз ташрифи мо ин вусъат бахшидан ба ин барнома аст. Ба ғайр аз USAID дар соҳаи маориф бахши равобит бо ҷомеаи сафорат кор мекунад ва онҳо дар ҳоли таҳияи китобҳои дарсӣ бо забони муосири англисӣ барои синфҳои 1-11 қарор доранд,-зикр кард сафир. 
-USAID агентии рушд мебошад, ки намояндагиаш дар саросари ҷаҳон амал мекунад. Маориф ва таҳсили кӯдакон барои мо яке аз самтҳои афзалиятнок башумор меравад. Ба ғайр аз чопу дастрас намудани маводҳои таълимӣ ба кӯдакон, инчунин, мақсади мо ба таҳсил фаро гирифтани кӯдаконе мебошад, ки дорои имкониятҳои маҳдуд, аз ҷумла биноияшон суст аст ва мо барои ин гуна шахсон маводҳои таълимӣ бо шрифти Брайл омода кардаем, ки як ҷузъи таҳсили фарогирро ташкил медиҳад. Айни замон, имкониятҳои зиёд аст, ки кӯдакони дорои маъюбият ба таҳсил фаро гирифта шаванд ва мо кушиш карда истодаем, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем,-қайд кард Питер Райли-роҳбари Агентии рушди байналмилалии ИМА дар Тоҷикистон.
Дар охир, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ иброз доштанд, ки ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва тақвияту вусъат ёфтани робитаҳои дуҷониба дар самти маориф ва илм мебошанд. 
БАХТОВАР САФАРОВ