ВОХӮРИИ РАҲИМ САИДЗОДА БО ПАК ЧОН СУ

03-03-2022
3-юми марти соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо раиси Кумитаи ҳамкориҳои иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Чон Су доир гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм ва намояндагони Сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни суҳбат зикр гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Кореяи Ҷанубӣ дар асоси созишнома ва Ёддошти тафоҳум, ки байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ба имзо расидаанд, ба роҳ мондааст. 
Дар се муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ба донишҷӯён забони кореягӣ таълим дода мешавад. Донишгоҳҳои мазкур бо як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Кореяи Ҷанубӣ, аз ҷумла Донишгоҳи Кимёнг, Донишкадаи Шоҳ Сеҷонг, Донишгоҳи Аҷоуа, Донишгоҳи таълими хориҷии Ҳанкук, Донишгоҳи Мусанг, Донишгоҳи Пай Чай ва Донишгоҳи миллии Ҷионбук шартномаи ҳамкорӣ доранд. 
Раиси Кумитаи ҳамкориҳои иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Чон Су зикр кард, ки кумитаи мазкур зери таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Кореяи Ҷанубӣ фаъолият намуда, барномаҳои зиёдро дар самти маориф татбиқ менамояд. 
-Маҳз таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф ва такя ба ҷавонони соҳибилм буд, ки дар як муддати кутоҳ Кореяи Ҷанубӣ ба кишвари саноатӣ табдил ёфт ва имрӯз бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам шаҳрвандони зиёди кишварҳои хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар ҷалб шудаанд, - зикр кард Пак Чон Су. – Имрӯз филилаи се муассисаи таҳсилоти олии Кореяи Ҷанубӣ дар кишварҳои ҳамсояи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд ва бо назардошти омӯзиши таҷрибаи онҳо метавонем, ки филиали баъзе аз муассисаҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳем. Ҳамзамон, тибқи барномаҳои амалкунанда, донишҷӯёне, ки ихтисосҳои забони кореягиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хатм мекунанд, дипломи онҳо дар Кореяи Ҷанубӣ низ эътироф мешавад. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар рӯйхати кишварҳои аввалини гирандагони грантҳо шомил аст, ки он барои самтҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшудаи афзалиятнок истифода мегардад.
Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода дар идома зикр кард, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти рушди соҳаи маориф тамоми тадбирҳои судмандро меандешад.
- Рушду тавсеаи ҳамкориҳо ва табодули донишҷӯёну омӯзгорон миёнаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ, истифодаи грантҳо дар самти сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Кореяи Ҷанубӣ ва муҳимтар аз ҳама, омӯзиши таҷрибаи пешқадами маорифи Кореяи Ҷанубӣ аз зумраи иқдомҳоест, ки бояд дар мадди аввал роҳандозӣ гарданд,-зикр кард Раҳим Саидзода.