ВОХӮРИИ РАҲИМ САИДЗОДА БО СЕРГЕЙ КРАВТСОВ

18-04-2024
Имрӯз, 18-уми апрели соли 2024 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Москва бо вазири маорифи Федератсияи Россия Сергей Кравтсов вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ карданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки айни ҳол муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар самти маориф дар доираи беш аз 200 созишномаи ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Соли гузашта дар Тоҷикистон бахшида ба Соли забони русӣ 50 чорабинӣ ташкил ва баргузор гардид, ки ин самараи ҳамкориҳои неку ҳасана аст.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии забони таълимашон русӣ дар Тоҷикистон, омода намудани омӯзгорони фанни забони русӣ барои муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, таҳияи китобҳои дарсӣ ва ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Федератсияи Россия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои СҲШ бо сафари расмӣ дар шаҳри Москва қарор дорад.

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон