ВОХӮРИИ РАҲИМ САИДЗОДА БО ТИГРАН ШМИС

21-10-2022
21-уми октябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбари соҳаи маорифи Бонки Ҷаҳонӣ Тигран Шмис баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо вобаста ба рафти амалишавии лоиҳаи ҷадиди “Муҳити таълим асоси таҳсилоти босифат” мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки лоиҳа аз ҷониби Вазорати маориф ва илм амалӣ гардида, мақсади он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омӯзиш дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.
Ҷонибҳо зикр намуданд, ки раёсати Бонки Ҷаҳонӣ барои ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд як қатор мушкилоти соҳа бартараф гардида, таъмиру азнавсозии бинои муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидани синфхонаҳо бо компютер, мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии таълимӣ роҳандозӣ шудааст.
Роҳбари соҳаи маорифи Бонки Ҷаҳонӣ Тигран Шмис қайд кард, ки лоиҳаи “Муҳити таълим асоси таҳсилоти босифат” бевосита аз ҷониби Вазорати маориф ва илм амалӣ карда шуда, дар муҳлати муқарраршуда дар самти сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, арзёбӣ ва баланбардории сифати таҳсилот, таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ ва аз байн бурдани муассисаҳои таълимии себаста бояд корҳои судмандро анҷом диҳад. Ҳамзамон, лоиҳа барои гузаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз арзёбии байналмилалӣ (PISA) мусоидат менамояд.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар навбати худ зикр кард, ки Вазорати маориф ва илм ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ буда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва самаранок татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур тамоми чораҳои судмандро меандешад.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи “Муҳити таълим асоси таҳсилоти босифат” аз се қисмат ва зерқисматҳо иборат буда, татбиқи он 6 солро дар бар мегирад.