ВОХӮРИИ РАҲИМ САИДЗОДА БО ТОСИХИРО АИКӢ

12-05-2022
12-уми майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сафири навтаъини Япония дар Тоҷикистон Тосихиро Аикӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, сардори райсати муносибатҳои байналмилалӣ Илҳом Камолзода ва сардори раёсати сохтмони асосии назди вазорат Дилшод Сафарзода иштирок намуданд. 
Зимни вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ҳоли ҳозир дар 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар – Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон забони ҷопонӣ таълим дода мешавад ва ҳар сол дар кишвар озмуни забони ҷопонӣ баргузор мешавад. 
-Япония дар бунёди мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад. Аз ҷумла, танҳо дар соли 2019 бо ибтикори сафорати Япония дар Душанбе ва бо маблағгузории Япония 3 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода дода шуд. Умедворем, ки то моҳи сентябр дар хамкорӣ бо шарикони Япония сохтмони муассисаҳои таълимии нав дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба анҷом мерасанд. Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илм бо Намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм, ки ба стратегияи 5-солаи JICA дохил карда мешавад, ҳамкории зич дорад, - қайд кард вазири маориф ва илм. 
Ҳамзамон, аз ҷониби вазири маориф ва илм ба сафири Япония доир ба таҳия ва имзои Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф, фарҳанг, варзиш, илм ва технологияи Япония, зиёд кардани стипендияи MEXT ва осон кардани шароити он барои донишҷӯёни тоҷик, ҷалби грантҳои Япония дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расонидани кумаки техникӣ ба Вазорати маориф ва илм барои коҳиш додани таъсири пандемияи ҷаҳонӣ пешниҳодҳо ироа гардид. 
Дар охир ҷонибҳо ҷиҳати вусъати ҳамкориҳои ҷойдошта дар соҳаи маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро изҳор доштанд.
БАХТОВАР САФАРОВ