ВОХӮРИИ РАҲИМ САИДЗОДА БО ТСЗИ ШУМИН

17-07-2024
17-уми июли соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ вазири маориф ва илм таъкид дошт, ки “Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба эътирофи мутақобилаи дипломҳо дар соҳаи маориф ва дараҷаҳои илмӣ” қадами рушди устувор дар соҳаи илму таҳсилоти ҷонибҳо ба шумор рафта, дар оянда ҷиҳати ҳамкориҳои судманд дар заминаи он чораҳои судмандро равона месозем.
Дар навбати худ Тсзи Шумин омодагии ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чинро ҷиҳати дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва зиёд намудани бурсияҳои таҳсил иброз намуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон