ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ ВА НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ БОХТАРИЁН

22-12-2020
 
22-юми декабри соли равон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Донишигоҳи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён вохӯрии Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин-раиси ноҳия, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо фаъолони ҷамоати шаҳраки Бохтариён доир гардид.
Сараввал раиси ноҳия оид ба фаъолияти аҳли ҷамоатчигӣ ва рафти корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, рафти кишти тирамоҳӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҷамоати мазкур маълумот пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки бахшида ба  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоат 52 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 48 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси навбатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ёдрас шуда, муроҷиат ба амал овард, ки дар масъалаи бемории сироятии коронавирус боз ҳам эҳтиёркор буда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои беҳдоштӣ риоя карда шавад. Дар ин масъала боз ҳам корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат бахшида шавад. Ҳамзамон, М.Имомзода оид ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, вусъати кишти тирамоҳӣ ва омодагиҳо ба кишти баҳорӣ, ҷоннок намудани тарғибу ташвиқи гурӯҳои корӣ дар масъалаи сарфакорона истифодабарии қувваи барқ ва аёдати эҳтиёҷмандон ва шахсони имконияташ маҳдуд пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз тарафи роҳбарияти ДЭТ ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Кӯшониён бахшида ба Рӯзи энергетикони Тоҷикистон “Сипоснома”и Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон супорида шуд. Ҳамзамон, ба ректори Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон Исозода Диловаршоҳ барои ҳамкориҳои дуҷониба ва иштирок намудан дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ “Сипоснома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид.
Хадамоти матбуотии
раиси ноҳияи Кӯшониён