ВОХӮРИИ САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО БО МУҲАММАД РАШИД МААНИН

16-06-2022
16-уми июни соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро бо Сафири Подшоҳии Марокаш дар Тоҷикистон Муҳаммад Рашид Маанин баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои кишварҳо дар самти маориф ва илм ибрози андеша намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм доир ба низоми маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Подшоҳии Марокаш дар Тоҷикистон доир ба низоми маорифи миллии Марокаш маълумот доданд.
Муҳаммад Рашид Маанин зимни суҳбат зикр кард, ки Подшоҳии Марокаш тасмим дорад, ки минбаъд ҳамасола барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 бурсияи таҳсилӣ ҷудо намояд. Ҳамзамон, Раҳим Саидзода вобаста ба густариши ҳамкориҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Марокаш, хусусан, дар самти илмҳои дақиқ ва тадқиқоти илмӣ, ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳањои маориф ва илм, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи миллии Подшоҳии Марокаш пешниҳодҳои судманд манзур намуд. 
Дар охир ҷонибҳо таъкид доштанд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо тадбирҳои судманд андешида мешавад.