ВОХӮРИИ СУДМАНД

28-08-2020
   28-уми августи соли равон баъд аз маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони касбу кори гуногун Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм дар толори маҷлисгоҳи вазорат бо барандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” вохӯрӣ анҷом дод.
   Муҳаммадюсуф Имомзода зимни суҳбат бо ҷоизадорон иброз дошт, ки тақдими ҷоизаҳо барои кормандони соҳаи маориф ва илм бахше аз таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар баҳри рушди ҳамаҷониба ва бемайлони соҳаи мазкур аст.
   - Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони соҳаи маориф моро водор месозад, ки баҳри рушду нумуи соҳа беш аз ҳарвақта талош варзем ва ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва қадрдониҳои Пешвои муаззами миллат дар тарбияи насли наврасу ҷавон ҳисаи сазовор гузорем. 
   Мавриди зикр аст, ки имсол Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба 5 нафар собиқадорону хизматнишондодаҳои соҳаи маориф ва илми кишвар – Лутфулло Солиев-профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Барно Каримова-омӯзгори литсейи №1 ба номи Мансур Бобохонови шаҳри Конибодом, Диловаршоҳ Исозода-сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, Бобоҷон Ҳанифбойзода-омӯзгори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №44 ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Акбар Мамадризохонов-декани факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хорӯғ ба номи Моёншо Назаршоев тақдим гардида, ба Маҳмуд Назарзода-сардори бахши робитаҳои байналмилалии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” барои олимони ҷавон дар соли 2020 супорида шуд.
Маркази матбуотии
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон