ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ҲОШИЯИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

08-06-2024
Имрӯз, 8 июни соли 2024 дар толори Муассисаи таълимии миёнаи умумии №71-и шаҳри Ваҳдат дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти раёсати муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода бо омӯзгорон вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрии мазкур сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорати маориф ва илм Шарофиддин Асомиддинзода, дотсенти кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Расулов, кормандони шуъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат ва директорони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ иштирок намуданд.
Вохӯриро муовини аввали вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, дар робита ба нуктаҳои гуногуни суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар Сарвари давлат ба рушди соҳаҳои илм ва маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста тадбирҳои тозаро дар ин самт роҳандозӣ менамоянд. Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар дастурамали навбатӣ барои ислоҳи мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи илм ва маорифи мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин мулоқоти пурмуҳтаво ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ мавриди таҳлил ва баррасии хоса сурат гирифт.
Гуфта шуд, ки дар такя бо роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат мо, омӯзгорону кормандони соҳаи илму маорифи кишварро мебояд, дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон беш аз пеш кӯшишу талош намоем. Зеро, дар айни ҳол хатари ифротгароӣ ва паҳн гардидани ақидаҳои зараровари ифротӣ миёни наврасону ҷавонон яке аз мушкилоти мубрам гардида, ин зуҳурот ба рушди ҷомеа таъсири манфӣ расонида, ба амнияти шаҳрвандон ва давлат хатар эҷод мекунад. Барои муборизаи босамар бо ин мушкилот бояд, пеш аз ҳама, ба низоми таълиму тарбия, ки яке аз унсурҳои асосии ташаккули ҷаҳонбинӣ ва баландбардории фаҳмишу шуури наврасону ҷавонон аст, таваҷҷуҳ намуд.
Дар идомаи вохӯрӣ гуфта шуд, ки дар маҷмуъ ин мулоқоти Сарвари давлат, бешубҳа, барои инкишофи минбаъдаи илм ва маорифи кишвар мусоидат хоҳад кард. Зеро дар ин вохӯрӣ соҳаи илму маориф бо тамоми ҷузъиёт мавриди таҳлил қарор гирифта, сабабҳои камбудиву норасоӣ, мушкилоти вобаста ба фаъолияти соҳаҳо ҳаллу фасл гардиданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон