ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО АҲЛИ МАОРИФИ ШАҲРИ КӮЛОБ

20-05-2023
20 майи соли равон дар толори Муассисаи таълимии давлатии "Мактаби Президентӣ дар шаҳри Кӯлоб" вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо кормандони соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, кормандони шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб, директорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. 
Вазири маориф ва илм ба аҳли маорифи шаҳри Кӯлоб Салимов Нуруллоро, ки ба вазифаи мудири шуъбаи маориф таъин гардид, муаррифӣ карда, ба ӯ дар иҷрои ин вазифаи бомасъулият барору комёбӣ орзу намуд.
Дар идома Раҳим Саидзода оид ба аттестатсияи хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ ба китобҳои дарсӣ, ба ҷойи кор таъмин намудани омӯзгорони ҷавон ва ба онҳо додани имтиёзҳо, бо бинои алоҳида таъмин намудани Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Кӯлоб, иштироки фаъоли хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва чанде дигар изҳори назар кард.
Сипас миёни вазири маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб суҳбати гарму самимӣ ороста шуда, қайд гардид, ки мушкилоти мавҷуда дар соҳаи маорифи шаҳр қадам ба қадам бартараф карда мешавад.
Дар охир вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба масъулин ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф ва илм дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ёдовар бояд шуд, ки қабл аз вохӯрӣ вазири маориф ва илм аз дастовардҳои хонандагони Муассисаи таълимии давлатии "Мактаби Президентӣ дар шаҳри Кӯлоб" боздид кард.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон