ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ДИРЕКТОРОНИ МАКТАБҲОИ ПРЕЗИДЕНТӢ ВА ЛИТСЕЙҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

18-01-2024
18-уми январи соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, директорони мактабҳои президентӣ ва литсейҳои ҷумҳуриявии шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатдории хеш эълон намуда, пайваста барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, зиёд намудани маоши омӯзгорон, бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои таълимӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу ҳориҷӣ тамоми чораҳоро меандешад. Гуфта шуд, ки мактабҳои Президентӣ, литсей ва гимназияҳо зодаи давраи Истиқлолият мебошанд. Мақсад аз ташкили муассисаҳои таълимии мазкур фаро гирифтани хонандагони болаёқате, ки қобилияти баланди зеҳнӣ, майлу рағбати махсус ба соҳаҳои муайяни асосҳои илму ҳунар, истеъдод ва ҳунари баланди эҷодӣ доранд, мебошад.
Бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ 76 гимназия, 83 литсей, аз ҷумла 8 мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат, 6 литсейи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқат ва1 гимназияи ҷумҳуриявӣ фаъолият менамояд.
Сипас, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вазорат Асомиддинзода Шарофиддин оид ба вазъи фаъолияти мактабҳои Президентӣ, литсей ва гимназияҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар баромад намуда, дар бораи норасоиҳои ҷойдошта маълумот дод. Ҳамзамон мавсуф қайд намуд, ки имрӯз муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта соҳиби биноҳои нави таълимӣ буда, аз тамоми шароитҳои мусоид барои таълиму тарбия, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон, омӯзиши амиқи фанҳо ва забонҳои хориҷӣ бархӯрдоранд. Таҳлили фаъолияти мактабҳои Президентӣ ва литсейҳои ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқат нишон медиҳад, ки асосан бо кадрҳои ихтисосманд таъмин мебошанд.
Дар охир, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода таъкид намуд,ки кормандону омӯзгорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявиро зарур аст, ки бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ ва иқтидори педагогии мавҷуда баҳри дастовардҳои беҳтар талош варзида, хонандагону омӯзгоронро барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ омода намоянд ва ҷиҳати ҳалли масъалаҳои зикргардида ва ислоҳи камбудиҳо тадбирҳои амалӣ андешанд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон