ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ГУРӮҲИ КОРИИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ

13-05-2024
13 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо гурӯҳи кории Бонки Умумиҷаҳонӣ баргузор гардид.
Нахуст вазири маориф ва илм зимни вохӯрӣ иброз намуд, ки Бонки Умумиҷаҳонӣ яке аз ташкилотҳое мебошад, ки дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти густурда дорад. Вохӯрии мазкур дар самти боз ҳам рушд додани ҳамкориҳо миёни вазорат ва Бонки Умумиҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар идома гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ якҷо бо шарикони рушд ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот мунтазам кӯшиш менамояд. Яке аз иқдомоти судманд, ки дар пешрафт ва рушди маориф мусоидат мекунад, татбиқи лоиҳаи “Муҳити таълим- асоси таҳсилоти босифат” дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумҷаҳонӣ мебошад.
Дар навбати худ директори минтақавӣ оид ба рушди инсон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Михаил Рутковский қайд намуд, ки вохӯрии имрӯза боиси вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба ва тавсеаи ҳамкориҳо дар оянда хоҳад гардид.
Дар охир ба меҳмонон туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон