ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

13-03-2020
13-уми марти соли 2020 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо намояндаи  Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Стефано Элеро доир гашт.
Дар оғози вохӯрӣ  М. Имомзода аз ҳамкориҳои судманди намояндагии Иттиҳоди Авурпо дар Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳамкориҳо миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар доираи созишномаҳои аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба имзорасида ба роҳ монда шудааст. Инчунин, зикр кард, ки Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм буда, аз ҷониби он якчанд лоиҳаҳои грантӣ дар самти ислоҳоти низоми таҳсилоти миёна ва олии касбӣ татбиқ шуда истодаанд.
Дар идома намояндаи Иттиҳоди Авурпо миннатдории худро ҷиҳати пазироии олӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба баён дошта, қайд намуд, ки дар доираи барномаи дастгирии таҳсилоти босифат дар вазорат бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи «Кӯмаки техникӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти курси такмили ихтисоси омӯзгорон, арзёбӣ ва банақшагирии таълим, маблағгузорӣ ва мониторинг татбиқ гашта истодааст.
 Саймуҳаммади ИЗАТУЛЛО