ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ НОШИРӢ

16-05-2023
Имрӯз, 16 май дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбарони ширкатҳои ноширӣ баргузор гардид. 
Зимни вохӯрӣ вазири маориф ва илм қайд намуд, ки яке аз дастовардҳои назарраси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои охир ин тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохили кишвар ба роҳ мондани нашри китобҳои дарсӣ маҳсуб меёбад. Бо назардошти ин нукта ҳоло Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 22 корхонаву ширкати ноширии ватанӣ дар самти чопи китобҳои дарсӣ ва маводди таълим ҳамкорӣ дорад. 
 Барои беҳтар шудани ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт бояд ширкатҳои ноширӣ мувофиқи имконияти техникӣ ва иқтидори истеҳсолии корхона чопи китобҳои дарсиро ба уҳда гиранд ва дар нашри китобҳои дарсӣ ба амалҳои коррупсионӣ роҳ надиҳанд.
Дар навбати худ роҳбарони ширкатҳои ноширӣ пешниҳодҳои худро вобаста ба чопи китобҳои дарсӣ ироа намуда, аз ҳамкориҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ карданд.



Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон