ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ҲИНДУСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

29-07-2020
29-уми июли соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх доир гардид.
Зимни нишаст ҷонибҳо аз ҳамкориҳои ҷойдоштаи мутақобила дар соҳаи маориф ва илм ибрози андеша карда, инчунин, зикр намуданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба миёни омӯзгорону олимон, ҷалби бештарин донишҷӯёни тоҷик ба курсҳои омӯзишию таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкили конфронсу чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, ба роҳ мондани ҳамкории мустақилона байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх зикр кард, ки маҳз ҳамкориҳои судманд аст, ки дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои омӯзишию фарҳангии ҳиндӣ таъсис дода шуда, ҷиҳати ҷалби донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил аз ҷониби Ҳиндустон ҳамасола бурсияҳо ҷудо карда мешавад.
- Ҳамзамон, сипос ва миннатдории махсуси худро ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва будубоши донишҷӯёни ҳиндӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, баён медорам,-таъкид намуд сафир.
Дар рафти суҳбат, инчунин, вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода пешниҳод намуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда табодули таҷриба миёни донишҷӯёну омӯзгорон ва олимон дар самт ва ихтисосҳои тиббӣ, техникӣ ва технологӣ бештар ба роҳ монда шуда, ҳамзамон, ҷиҳати дастрас намудани нусхаҳои дастхатҳои қадимаю нодири мероси ниёгони тоҷик, ки дар китобхонаҳои Ҳиндустон маҳфузанд, тадбирҳои судманд андешида шавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи маориф дар доираи Барномаи табодул байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 31 августи соли 2012 ва Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба татбиқи лоиҳаи «Озмоишгоҳи муосири техникии Ҳиндустон-Тоҷикистон» аз 25.01.2010 ба роҳ монда шудааст.
 
Эҳсони ХУШБАХТ