ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ШОҲИГАРИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

16-10-2023
16 октябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон баргузор гардид.
Нахуст Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, қайд намуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар асоси “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм” ба роҳ монда шуда, сол то сол рушд намуда истодааст. Қайд бояд намуд, ки ин ёддошти тафоҳум 3 январи соли 2016 зимни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба имзо расидааст.
Дар навбати худ Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон омодагии ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудиро ҷиҳати дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо иброз дошта, оид ба ҳамкории тарафҳо дар самтҳои мухталифи соҳаи маориф ишора намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, бурсияҳои таҳсилӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф, омӯзиши забони арабӣ, эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои таҳсилӣ ва унвонҳои илмӣ, тарҷума ва нашри асарҳои барҷастаи адабӣ ва корҳои илмӣ, таъсиси гурӯҳҳои таҳқиқотии муштарак ва равобити байни муассисаҳои таълимии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон