Вохӯрии вазири маориф ва илм  бо шарикони рушд

16-07-2021
16-уми июли соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи фаврии Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд – гурӯҳи маҳалӣ оид ба таҳсилот  баргузор гардид, ки дар он Муҳаммадюсуф Имомзод – вазири маориф ва илм, Нуралӣ Собирзода – муовини вазири маориф ва илм, Алберто Бянколӣ – сардори бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Осама Маккавӣ – роҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Илҳом Камолзода – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, кормандони раёсату шуъбаҳои вазорат ва инчунин, тариқи фосилавӣ  як қатор намояндагони шарикони рушд иштирок доштанд. 
Зимни суҳбат зикр гардид, ки мақсад аз вохӯрии мазкур дастгирӣ ва рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои аз офатҳои табиӣ зарардида, хусусан ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт мебошад.
Нахуст вазири маориф ва илм М. Имомзода барои дастгирии ҳамаҷониба аз шарикони рушд изҳори сипос намуда, қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мешуморад. Дар баробари таъмин намудани рушди иқтисодии кишвар ҷиҳати ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани фаъолияти инфросохтори ҳамаи бахшҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал соҳаҳои илму маориф пайваста диққати махсус зоҳир намуда, то имрӯз дар самти бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.  
- Дар солҳои 1991-2020 сохтмону азнавсозии беш аз се ҳазор бинои муассисаи таълимӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудан ва ба сатҳи кишварҳои пешрафта баробар кардани сатҳу сифати таълим, инфрасохтор ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд як қатор созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расонида шудааст, - зикр кард вазир М.Имомзода. - Ҳамзамон, дар натиҷаи офатҳои табиӣ ҳамасола биноҳои муассисаҳои таълимӣ зарари ҷиддӣ мубинанд, ки дар онҳо идомаи таҳсил ғайриимкон буда, ба ҳолати садамавӣ дучор мегарданд. Чунончӣ, бинобар сабаби заминларзаи рӯзи 10.07.2021 рухдода дар ноҳияи Тоҷикибод бинои 4 муассисаи таълимӣ ба ҳолати садамавӣ дучор гардида, бинои 4 муассиса таълимии дигар ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд. Бо сабаби дар масофаи аз якдигар дур ҷойгир будани деҳаҳои кӯҳистон муваққатан кӯчондани хонандагон ба дигар маҳаллаҳо ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки то сардии фасли зимистон масъалаи фарогирии хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ бояд ҳалли худро пайдо кунад. 
Осама Маккавӣ- роҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон иброз дошт, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар кишвар чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар доираи имконоти мавҷуда ба муассисаҳои зарардида кумак расонида мешавад. Ҳамчунин, дигар шарикони рушд, аз ҷумла намояндагони Бонки Исломии Рушд, ки тариқи фосилавӣ ширкат доштанд, омодагии худро баҳри расонидани кумак иброз намуданд.

                                                                                                                                                                             Азиза Бодурова