ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО СОҲИБКОРОН ВА ШАХСОНИ САХОВАТПЕШАЕ, КИ ДАР БУНЁДИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ САҲМГУЗОРӢ НАМУДААНД

12-08-2023
Ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон 12-уми августи соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо соҳибкорон ва шахсони саховатпешае, ки дар бунёди муассисаҳои таълимӣ саҳмгузорӣ намудаанд, доир гардид, ки дар он, ҳамзамон, Низом  Мирзозода-раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зиёдулло Абдулзода-муовини вазири маориф ва илм, Дилшод Сафарзода-муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илм иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон табрику таҳният намуда, зикр кард, ки бо мақсади ҳамкории шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар доираи “Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 111 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 31 муассисаи таҳсилоти умумӣ таъсис дода шуд. Ҳамзамон, дар 5 соли охир, дар маҷмуъ, дар ҷумҳурӣ 36 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 6197 нафар, 60 муассисаи  таҳсилоти умумӣ барои 31134 нафар, аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар шаҳри Душанбе 9 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1990 нафар ва 15 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ барои 13772 нафар, дар вилояти Суғд 19 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 2650 нафар ва 8 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ барои 5420 нафар, дар вилояти Хутлон 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1257 нафар ва 31 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 9410 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 300 нафар ва 6 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 2532 нафар сохта ба истифода дода шудааст.
Дар рафти чорабинӣ Низом  Мирзозода - раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки ифтихори мардуми бунёдкору меҳнатдӯст, соҳибтамаддуну фарҳангофарини тоҷик, хусусан сохтмончиёни мамлакат аст, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба дастовардҳои барҷастаи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил гардида истодааст. Дар даврони Истиқлолият бузургтарин корҳои бунёдкориву созандагӣ ҷараёни тоза гирифта, иншооти зиёди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода шуд, ки ин ифодагари сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳамзамон, дар идома соҳибкорони ватанӣ З. Махсудҷонов ва Ҷ. Назризода суханронӣ намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илм ёдовар шуданд.
Сипас, дар чорабинӣ ба як қатор соҳибкорон ва шахсони саховатпеша барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди соҳаи маориф ва сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати маориф ва илм нишони “Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Сипоснома”-и Вазорати маориф ва илм тақдим гардида, барномаи идонаи фарҳангӣ пешниҳоди иштирокчиён карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар таърихи соҳаи маориф ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон чунин чорабинии идона ва вохӯрии судманд бори нахуст доир гардид.

Маркази марбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон