ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ДИРЕКТОРИ МИНТАҚАВИИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД

24-05-2023
Имрӯз, 24 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо директори минтақавии Бонки Исломии Рушд ҷаноби Иброҳим Шукрӣ баргузор гардид.
Нахуст Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо, махсусан, амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Дар навбати худ Иброҳим Шукрӣ қайд намуд, ки Бонки Исломии Рушд ҳамеша ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ва тавсеаи ҳамкориҳо боиси пешрафту тараққиёти ҷонибҳо мебошад.
Дар охир аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба меҳмонон туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон