ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ

11-04-2023
11 апрели соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сафири Ҷумҳурии Туркия Умут Аҷар баргузор гардид.
Нахуст Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Дар навбати худ Умут Аҷар қайд намуд, ки ҳамкориҳои имрӯза дар соҳаи илму маориф натиҷаи фаъолияти босамари ҷонибҳо буда, заминаи асосӣ барои вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.
Дар охир аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба меҳмонон туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.



Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон