ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЗИРИ РУШД ВА ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН

04-06-2024
4-уми июни соли ҷорӣ дар доираи ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири рушд ва ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, узви Парламенти Олмон хонум Свенжа Шултс вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои шиносоӣ бо низоми таҳсилоти дуалии Олмон ва фаъолияти муассисаҳои дахлдор, муҳокимаи ҷамъбасти масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаи минтақавӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ, иқтисоди сабз, таҳияи стандартҳои касбӣ, рушди сифати таҳсилот ва роҳнамоии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои мазкур иброз дошт, ки яке аз ташкилотҳое, ки фаъолияташро ба соҳаи маориф ва илм равона кардааст, ин Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳои минбаъда вазорат омодагии худро иброз медорад.
Дар навбати худ Свенжа Шултс вохӯриро дар доираи ҷаласа иқдоми созанда дар рушди ҳамкориҳо унвон карда, пешниҳодҳои муфиди худро ироа намуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон