ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИИ ТОҶИКИСТОН БО КОМИССАРИ ОЛИИ СОЗМОНИ АМНИЯТ ВА ҲАМКОРӢ ДАР АВРУПО ОИД БА АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ

18-05-2023
18 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ Қайрат Абдураҳмонов баргузор гардид.
Нахуст Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз ҳамкориҳои дуҷониба ва рушду тавсеаи онҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда қайд кард, ки ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар асоси “Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба масоили рушди маорифи бисёрзабонӣ ва бисёрфарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз соли 2019 сурат гирифта, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овардааст. Инчунин дар доираи ҳамкорӣ аз ҷониби созмони мазкур ҳамасола конфронсу семинарҳо гузаронида мешавад, ки намояндагони вазорат ва зерсохторҳои он низ ширкат меварзанд.
Дар навбати худ Қайрат Абдураҳмонов қайд намуд, ки ҳамкориҳои имрӯза дар соҳаи илму маориф натиҷаи фаъолияти босамари ҷонибҳо буда, заминаи асосӣ барои вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба аст.
Дар охир ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.



Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон