ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИИ ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ ХАЗИНАИ КӮДАКОНИ СММ (ЮНИСЕФ) ДАР ТОҶИКИСТОН

29-05-2023
29 майи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбари Намояндагии хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) изҳори қаноатмандӣ намуд ва қайд кард, ки Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият менамояд ва яке аз шарикони асосии рушди соҳаи маориф ба шумор меравад. Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо, махсусан, амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Дар навбати худ Осама Маккави иброз намуд, ки Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ҳамеша ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст.
Дар охир аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба меҳмон туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.




Маркази матбуотии
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон