Волидайн ё волидон?

05-12-2018
Ба хотири дарёфти шакли дурусти ин калимаҳо, чанде аз фарҳангномаҳоро мавриди  мутолиа қарор додем. Оё вожаи «волидон» фарогири падару модар аст ё не? Шакли дурусти он кадом аст?
«Фарҳанги  русӣ ба форсӣ», ки зери таҳрири А. Асадуллоев ва Л.С. Пейсиков (М.1965) нашр шудааст, шарҳи вожаҳои мавриди назарро чунин овардааст: родители- падару модар, волидайн (саҳ. 801); мать- модар (саҳ.387), отец- падар (саҳ.543).
Дар ҷилди якуми «Фарҳанги  забони тоҷикӣ» (М.1969) вожаҳои волид- соҳиби фарзанд, падар, додо; волида- соҳиби фарзанд, модар, оча; волидайн- падару модар (саҳ.239) тафсир шудаанд.
Устод С. Айнӣ дар «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»  (Куллиёт, Ҷ 12, 1976) ба вожаҳои волид ва волидайн чунин шарҳро муносиб дидаанд: волид- соҳиби  фарзанд, падар; волидайн- падару модар (саҳ.64).
Дар «Қомуси дарӣ ба русӣ» (М. 1978), ки зери таҳрири Л.Н. Киселёва нашр  шудааст, вожаҳои «волида», «волидайн» чунин тарҷума гаштаанд: волида- мать, матушка; волидайн- родители, отец и мать (саҳ. 719). «Фарҳанги форсӣ ба русӣ», ки зери назари Ю.А. Рубинчик нашр  шудааст (М.1985), дар ҷилди дувум тарҷумаи  вожаҳои мазкурро чунин анҷом додааст: волид - отец, родитель; волида- мать, родительница; волидайн – родители (саҳ.692). Г.А. Восканян дар «Фарҳанги русӣ ба форсӣ» (М. 1986) вожаҳои мать, отец, родители-ро  ба шакли зер тарҷума  кардааст; мать – модар (саҳ.264), отец- падар (с. 392); родители- падару модар, волидайн, авлиё (саҳ.602).
Дар «Мунтахаб - ул- луғот» (Душанбе, 2003) вожаи  волид ин тавр шарҳ ёфтааст: волид-падар (саҳ.547).
Мураттибони  «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ», ки зери таҳрири Д. Саймиддинов ва дигарон  нашр шудааст,  вожаҳои  волид, волида, волидайн-ро  чунин  тарҷума  кардаанд; волид- родитель, отец; волида- родительница, мать; волидайн- родители, отец и мать (саҳ. 137). 
Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (Ҷ.1. Душанбе, 2010) вожаҳои мазкур ба тариқи  зайл шарҳ  ёфтаанд: волид- соҳиби фарзанд падар, додо; волида- муаннаси волид, оча, модар; волидайн – падару модар, волидон (саҳ. 293).
Дуктур Муҳаммад Муин дар «Фарҳанги форсӣ» (Ҷ.4, Теҳрон, 1375) калимаҳои зикршударо ин тавр тафсир кардааст: волид- падар, аб; волида – модар, зани хона ва модари бачаҳои шахс, завҷа, модари бачаҳо: волидайн - ташнияи волид дар ҳолати насабӣ  ва ҷарӣ (дар форсӣ мурооти ин қоида накунанд) падару модар (саҳ.4966).
Ҳасан Амид дар  «Фарҳанги форсии Амид» чунин тафсирро муносиб донистааст: волид (ба касри лом) – падар; волида (ба касри лом)- муаннаси волид, модар; волидайн, волидон- падару модар (саҳ. 1063).
Муаллифони  «Фарҳанги форсии имрӯз» (Теҳрон, 1375) - Ғуломҳусейн Садрии Афшор ва дигарон  калимаҳои  зикршударо  чунин тафсир  кардаанд: волид- падар;  волида – модар; волидайн – падару модар (саҳ.1156).
Чунонки мебинем, танҳо  Ҳасан Амид дар «Фарҳанги форсии  Амид» дар баробари калимаи  волидайн шакли «волидон»-ро  овардааст, ки, ба назари  мо, саҳеҳ нест. Ва  ин носаҳеҳӣ дар  «Фарҳанги  тафсирии забони тоҷикӣ» роҳ ёфтааст.
Ба ин маънӣ, зери мафҳуми  волидон падару  модар не, балки танҳо падарон фаҳмида мешавад.
Дар асноди  меъёрии ҳуқуқии соҳаи  маориф: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму  тарбияи  фарзанд», Низомномаи  намунавии  муассисаҳои  таҳсилоти  умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ғайраҳо ифодаи  падару модар  омадааст, на волиду волидаю волидайн. Модом ки  калимаҳои  баромадашон  арабиро корбаст карданием, бояд  шакли  дурусти  онро  истифода  бубарем. Агар  ба  адабиёти  пешин  нигарем, мебинем, ки вожаҳои  арабии волид, волида ва волидайн низ  дар  баробари  мафҳуми  падару модар  истифода  шудаанд. Дар шакли  волидон, ки  фарогири  падару модар бошанд во нахӯрд. Агар  «Наводири Зиёия»-и  Садри  Зиёро (нашри соли 1991) саҳифа бизанем, гуфтаҳои  боло тасдиқ мегаданд: «Волиди моиди роқими сутур (падари нависандаи ин сатрҳо) ақзил қузот (қозикалон) домулло Абдушукур, алайҳирраҳма ба шогирдии  он ҷаноб ифтихор мекарданд (саҳ.20). Ҳазрати волидам нақл мекарданд (саҳ.20). Пӯшидание, ки  дар замонаш ҳазрати волидам ё волидаашон (модар) бофтагӣ ва ҳоказо (саҳ. 21). 
Мутаассифона, мебинем, ки имрӯзҳо калимаи волидон ба маънии  падару  модар,  чи дар  матбуот ва чи дар мақолаю асарҳои илмию таълимӣ, ба таври  фаровон истифода мешавад. Ин амали  носаҳеҳ асосан дар  навиштаҳои  намояндагони  илми педагогика роиҷ аст. Ва шакли носаҳеҳи он ҳатто  ба китобҳои  дарсӣ роҳ ёфтааст. Чун  муште аз хирвор чанд мисолро пешкаш  менамоем: 
«...Вале агар волидон бо кӯдак бо забони «тифлӣ» сухан гӯянд, дар  сиришти кӯдак қоидаҳои аз худ кардани калимаҳо ва гап задан ташаккул намеёбад...» («Омӯзгор», 11 октябри с. 2018).
«...Волидон бисёр вақт ҳамроҳи фарзанди худ намефаҳманд, ки рӯз то рӯз дигар шуда истодааст...» (саҳ.19) «...Лекин волидони мо намефаҳманд, ки кӯдаконе ҳастанд, ки оҳиста ҳарфҳоро аз худ менамоянд...» (саҳ. 21). «...Барои омӯзиши сатҳи сифати  муносибати  байниҳамии волидон ва фарзандон  методикаи ҳамкории  волидон - кӯдак (муаллиф И.М. Марковская) истифода гардид...» (саҳ. 80). Ин ҷумлаҳо аз Роҳнамо оид ба татбиқи қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти  падару  модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (Душанбе; 2018) гирифта шудаанд. Дар китоби «Адаб зевари ҳусн»-и Б. Шарифзода ва Ф.Шарифова (Душанбе, 2006) чунин  омадааст: «Ҳаққи фарзандон бар волидон (саҳ.9) ҳаққи волидон бар фарзандон» (саҳ. 12).  Абдурауфи Фитрат дар  «Оила ё худ вазифаи хонадорӣ» (Душанбе, 2007) мафҳуми болоро  дар  шакли «ҳуқуқи волидайн» овардааст, ки  дуруст аст. 
Аз шарҳи қомусҳо ва намунаи мисолҳои  овардашуда аён аст, ки волидон фарогири мафҳуми  падару  модар  набуда, балки  зери ин калима танҳо падарон фаҳмида мешавад. Шакли дурус-ти  он волидайн  мебошад.
Д. Нуриддинова, 
омӯзгор , шаҳри  Ҳисор