ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ДАР САМТИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ТАЪЛИМИ БИСЁРЗАБОНА

21-06-2019
21-уми июни соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти масъалаҳои рушди таълими бисёрзабонӣ ва гуногунфарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар маросими баимзорасонии Ёддошт Нуриддин Саид-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ламберто Заньер-Комиссари олӣ оид ба корҳои ақаллиятҳои миллии САҲА иштирок намуданд.
Тибқи иттилои масъулин мақсад аз ба имзо расонидани Ёддошт таҳкими сулҳу ваҳдат миёни ақаллиятҳои миллӣ, густариши забондонии онҳо, махсусан донистани забони давлатӣ ҳамчун омили муттаҳидкунии аъзоёни ҷомеа мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ки таҳсилот яке аз воситаҳои асосии нигаҳдошти унсурҳои арзишманди инсонӣ, воситаи самарабахши мусоидат ба робитаҳои байнифарҳангии қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО