Забони давлатӣ – рукни барҷастаи миллат

12-03-2018
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ эътироф гардида,  коргузорӣ ва муносибатҳои мухталиф бо ҳамин забон ба  амал меоянд. Дар арсаи байналмилалӣ низ давлату ҳукуматҳоро тавассути забонашон мешиносанд, ҳамкориҳои судманди ҳасанаро ба роҳ мемонанд. Пас, маълум мегардад, ки забон аз рукнҳои асосии ин ё он давлату ҳукумат маҳсуб меёбад. 
Забондонӣ аз кас дониши амиқ ва маҳорати хоса талаб менамояд. Танҳо тавассути омӯзиши осори гузаштаву имрӯза ва истифода аз луғот ва дигар воситаҳои мавҷуда инсон метавонад таркиби  луғавии хешро мукаммал гардонад. Ин ба он хотир аст, ки забонҳо дар ҳолати шахшуда қарор надошта, баръакс, дар ҳоли рушдёбианд ва бо мурури вақт калимоту вожаҳо ва таъбирҳои нав пайдо мешаванд. Аз ин рӯ, сермаъноии калимаҳо аз соҳиби забон тақозо дорад, ки мавриди истифодаи мафҳуму ибора ва афкору андешаи баёншударо дар қолаби худаш дарк намоянд. Албатта, ҳеҷ як забони дунё танҳо бо истифода аз вожаҳои худӣ наметавонад арзи вуҷуд намояд. Имрӯз дар таркиби забони мо вожаҳои арабӣ, туркӣ ва ғайра чунон истифода мешаванд, ки аллакай онҳоро ҳамчун моли худӣ истифода мебарем, ки ба табиати забони тоҷикӣ созгор шудаанд. Мутаассифона, аксаран ҳодисаҳое ба чашм мерасанд, ки аз сӯйи соҳибзабонон бо ин ё он мафҳум калимаву ибора дар шакли маъмулиашон истифода нашуда, даркору нодаркор аз забонҳои ғайр мавриди истифода қарор мегиранд. Ҳол он ки забони тоҷикӣ муодилҳо ва муродифҳои зиёде дорад, ки ба кор бурдани онҳо ҳам  ҳусни сухан ва ҳам тобиши маъноии матнро афзун мегардонанд. 
Дар замони ҷаҳонишавии фарҳангу ақидаҳо бо забон сару кор гирифтан аз кас диққати ҷиддиро талаб менамояд. Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои хеш ва муошират бо намояндагони  дигар халқу миллатҳо аксаран аз забони русӣ, дар баъзе мавридҳо (аз рӯйи имконият) аз забони англисӣ истифода мебарем. Чунин зарурият ҳам аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ эҳсос шуд, ки сабаби таҳияи «Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистн барои солҳои 2015 – 2020» гардид. Сарвари давлат чандин маротиба дар суханронии хеш оид ба тозагии забони тоҷикӣ ва аз худ кардани забонҳои дигар, аз ҷумла, русӣ ва англисӣ ибрози назар намуданд. Ба қавли мавсуф, дар шароити имрӯза, хоса барои ҷавонон донистани на кам аз ду забони хориҷӣ ба мақсад мувофиқ аст. Ин амал имкон медиҳад, ки аз навгониҳои олам ҳар чӣ барвақттар шинос гардида, вобаста ба имкониятҳо ба ин ё он ақидаи хайру савоб ё баръакс, ҳолатҳои таҳдидкунанда акси садо баланд намоем.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи забони модарӣ дар маркази ҷумҳурӣ ва навоҳию шаҳру вилоятҳо бо тантана таҷлил мегардад. Дар ин рӯз ташкилоту муассисаҳои гуногун бо ибтикори худ ташкил кардани вохӯриҳо, тамошои ҷойҳои фарҳангӣ, иштирок дар консертҳо, мулоқотҳои судмандро бо олимони шинохтаи риштаи суханшиносӣ, пахши барномаҳои телевизиониву радиоро ба зиммаи худ мегиранд. Мақсад аз баргузории  ин чорабиниҳо тавсеа бахшидан ба рушди забони модарист. Дар рӯзи ҷашнгирии иди забон диққати асосӣ бояд ба рушду такомули забонҳо ва ҳалли проблемаҳои мавҷуда равона карда шавад. Иди забон бояд воситаи муҳими тарбияи мардум дар рӯҳияи ҳурмату эҳтироми ҳамдигар, новобаста аз аслу насаб ва миллат бошад. Дар ин рӯз соҳибони забон бояд ҳамдигарро ба омӯхтани забони якдигар ҳидоят карда, бо ҳамин роҳ забонҳоро аз нестшавӣ эмин нигоҳ дошта, ба паҳншавӣ ва рушду нумуи онҳо  мусоидат намоянд.
 Ҳотами Ҳомид, 
«Омӯзгор»