ЗАБОНИ МОДАРӢ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ

20-02-2019
Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии забони модарӣ
 
Забони модарӣ нахустунсури нишона ва ҳастии миллату давлат, нахустомили ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, сарвати маънавӣ, муҳимтарин, арзишмандтарин ва қадимтарин дороии башарӣ маҳсуб меёбад. Забони модарӣ маҳз тавассути эҳсоси баланди дарки миллӣ, худогоҳиву ифтихори ватандорӣ, арҷгузорӣ ба каломи ширину гуворои Модар, мероси бойю гаронбаҳо ва арзишманди соҳибзабонони бофазламон ифодагари ҳастии миллату давлат аст.
Забони модарӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлатӣ, омили асосии пойдории соҳибистиқлолии миллӣ, бақою шинохти миллат устувори давлат ва сарчашмаи пойдории ваҳдати миллӣ мебошад.
Забони модарӣ ҳамчун симо ва таҷассуми ҳастии миллат яке аз чор унсури миллии фарҳангу маданияти маънавӣ дар баробари адабиёт, илм ва фалсафа буда, рушду ташаккул ва такомули фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад. Аз таърихи инсоният маълум аст, ки бар асари истилову истисмор, ғоратгариву сӯхтор ва қатлу куштори бераҳмона забони модарии қавму халқият ва миллатҳои зиёде гум шудаанд ва ё бар асари тағйирёбӣ ва ё махлутии таркиби луғавӣ ва грамматикии забони модариашон аз муҳимтарин мероси фарҳангӣ, сарвати маънавӣ ва миллии худ маҳрум мондаанд. Халқияту миллатҳое ҳам ҳастанд, ки бар асари амали ғосибонаи қавму халқиятҳои дигари истисморгар забони модарӣ ва хати онҳоро ҳамчун забони модарии худ пазируфтанд ва ба ҳукми талхи таърих аз он ба баъд мероси фарҳангии худро ба забони ғайр интишор намуданд.
Хушбахтона, забони модарии мо бо вуҷуди таҳаввулоти ҷиддию сиёсии дар давоми танҳо ҳазору сесад соли охир дар сарзамини Аҷам рухдода, ки борҳо парокандагии миллию қавмӣ ва сиёсию мазҳабиро аз сар гузаронидааст, хушбахтона на ин ки маҳв нагардид, балки бо мурури замон дар Эрону Афғонистон, қисматҳои Покистону Ҳиндустон, Туркистон, Осиёи Сағиру Осиёи Миёна ва ҳудудҳои Қафқозу Қошғари Чину баҳри Хазар густариш ёфта, ба мақоми баланди илмию фарҳангӣ ва таърихӣ расид.
Масъалаи он ки зодгоҳи забони тоҷикӣ, ки дар таърих ҳамчун забони порсии дарӣ ёдовар аст, сар карда аз асри V-и мелодӣ дар баробари ташаккули халқияти тоҷик дар Мовароуннаҳру Хуросон ҳукмфармо буд, миёни аҳли илм баҳсу эҳтимолиятҳои зиёде мавҷуданд. Гурӯҳе аз муҳаққиқин дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбии Эрон ташаккул ёфтани забони порсии дариро тасдиқ карда, баъдан ба ноҳияҳои шимолу шарқи Эрон густариш ёфтани онро зикр намудаанд. Масалан, ховаршинос И.М. Оранский қайд мекунад, ки «Эҳтимол забони форсӣ чанд аср пеш аз истилои араб тавассути аҳли монавӣ ба Осиёи Миёна ворид шуда бошад. Маълум, ки дар марказҳои калони Осиёи Миёна, масалан дар Самарқанд дар қарнҳои VI - VII бисёр ҷамоаҳои монавӣ вуҷуд доштанд. Бинобар ин, бо камоли эътимод метавон тахмин кард, ки дар онҳо, чун дар ҷамоаҳои монавии Туркистони Шарқӣ, забони форсиро (дар баробари забони суғдӣ) истифода мебурданд»* (Основы иранского языкознания. Древнеиранские языки. М., «Наука», 1979, с. 53.
Хулосаи таъбири «Тафсири Табарӣ»-и Наршахӣ дар «Забони порсӣ ва дарии роҳи рост» он аст, ки «бо вуҷуди он ҳама тағйироти ҷиддии сиёсию иқтисодӣ ва идеологие, ки дар арзи ҳазораи охир дар сарзамини ситамдидаи Аҷам бефосила сурат гирифтааст, то рӯзҳои мо мақоми фарҳангии худро – аз баҳри Хазар кашида то худи Қошғар – нигоҳ дошта тавонистааст»*. (Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар Наршахӣ. Таърихи Бухоро. Душанбе, 1979, с. 43).
Хуросони Бузургро гаҳвораи тамаддуни Аҷам эътироф намудан, хулоса ва ҳукми одилонаву воқеъбинонаи таърих аст. Бо вуҷуди кашмакашиву нооромиҳои пайопайи дар ин сарзамин рухдода, забони тоҷикии дар гузашта форсӣ-дарӣ эътирофшударо на ин ки тоҷикзабонон, балки қавму миллатҳои ғайр низ ҳамчун забони муоширату кории нуфуздошта истифода мекарданд.
Вобаста ба ин масъала муҳаққиқи тоҷик, файласуфи тавоно Акбари Турсон иброз медорад, ки «Дар осори хаттии аз Турфон ёфташудаи монавӣ нақш доштани забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ пеш аз ҳама дар бораи ба аҳди қадимтар тааллуқ доштани санаи пайдоиши забони мазкур далолат мекунад»*. Акбари Турсон. Эҳёи Аҷам. Д., «Ирфон», 1984, саҳ.146.
Устод С.Айнӣ бо камоли эътимод изҳор медоранд, ки «маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ – мавҷудияти як қавми бузург бо номи тоҷик, дар ин ҷоҳост».
Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «забони тоҷикиро яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон ҳисобида, маҳз дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккули ёфта, ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва густариши адабиёти классикии тоҷику форс замина гузошт»- анро таъкид менамоянд.
«Тавоноӣ ва имконоти забони мо ба ҳадде буд, ки дар тӯли ин ҳама садсолаҳои начандон мусоид ва гоҳе бисёр сахту шадид гузаштагони мо яке аз бузургтарин тамаддунҳо, ғанитарин адабиёт, зеботарин ашъор ва муассиртарин ҳамосаи миллии ҷаҳонро бо ҳамин забон офаридаанд. Дар тӯли садсолаҳо забони мо дар паҳнои бузурги тамаддуни дунё – аз марзҳои Осиёи Шарқӣ ва Ҳимолой то соҳили баҳри Миёназамин – нақши байналмилалӣ дошт ва забони мукотиба ва муҳовараи қавму халқҳои гуногун гардид».*
Оғоз аз асри IX сар то сари Хуросони Бузург ва махсусан дар асри X ба сурати забони расмии нахустин давлати тоҷикон пазируфтани забони тоҷикӣ, аксари осори илмии замона ба забони модарӣ таълифу тасниф ёфтаанд, ки ба ин осори Рӯдакиву Абӯбакри Розӣ, Фирдавсиву Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Беруниву Носири Хусрав, Умари Хайёму Камоли Хуҷандӣ, Саноиву Аттор, Саъдиву Ҳофиз, Низомиву Биноӣ, Бедилу Сайидо, Амир Хусраву Ҳасани Деҳлавӣ, Ҳилолӣ ва садҳои дигар мисол шуда метавонанд. Онҳо бо осори бою гаронбаҳои ба забони модарии худ таълифнамудаашон на ин ки саддеро пешорӯи ташаккули забони арабӣ ташкил намуданд, ҳатто ба рушду ташаккули он заминаҳои мусоидеро фароҳам оварданд. Хулосаи шарқшиноси амрикоӣ Ричард Фрай дар хусуси он ки «Дар посдории фарҳанг барои бархе тамаддунҳо аз дин ё созмони ҷамъиятӣ дида, забон василаи беҳтарин аст» баҳои арзанда ба ворисони арзанда- фарзонафарзандони миллат – ба аҷамиёни ниёгонамон мебошад. Мавзӯи аксари осори таълифнамудаи ниёгонамон ва саргузашти тираву талх ва оворагиву сарсониҳои аз сар гузаронидаи онҳоро агар ба риштаи таҳқиқ кашем, пас яқинан ошкор мегардад, ки ба иллати мазҳабу ошкорбаёнӣ ва озодандешӣ, вале дар асл талошҳои худшиносиву худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу посдории фарҳаги миллӣ, чунин рӯзгореро аз сар гузаронидаанд. Фарзонагони миллат новобаста ба нуфузу таъсири забони ғосибони давру замон тавонистанд равонӣ, ширинӣ, рӯҳу тавонбахшӣ ва асолату рисолати забони модариро ҳимоя ва нигоҳ доранд. Бо вуҷуди ноободиву нооромиҳо ва қатлу куштору фарҳангсӯзиҳои таърихӣ, дар эҷоду иншо - муҳимтараш рушди забон ободгариҳои бемисл кардаанд. Фахрашон дар бораи он ки Аҷамро ба тоҷикӣ зинда карда, боз ба курсии заррин нишонданд! - имрӯз фахри ҳар соҳибзабон аст, ки вирди забон меорад.
Забони модарӣ, ки баёнгари ҳастии миллат аст, дар мероси гаронбаҳои фарҳангии соҳибзабонон нақши ҷовидонӣ дорад..
Иқдоми ЮНЕСКО дар масъалаи қабули Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ин даъват кардани давлатҳои рӯйи олам ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳимояи ҳамаи забонҳо, аз ҷумла забонҳои ақаллиятҳои миллие, ки махсусан дар замони ҷаҳонишавӣ ба онҳо хавфи нобудшавӣ таҳдид мекунад, мебошад. Албатта, ҷаҳонишавӣ ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва ба забонҳои камнуфус бе асар намемонад. Рушди ҷаҳони муосир агар аз як ҷиҳат заминаҳои мусоидеро барои ташаккули гурӯҳе аз забонҳои рӯи олам фароҳам оварад, ба гурӯҳи забонҳои қисми дигари ақаллиятҳои миллӣ таъсиргузор аст. Бинобар ин, мутахассисон бар он андешаанд, ки агар айни замон ҷиҳати устуворӣ ва пойдории зиёда аз 7000 забони дар муоширатбудаи рӯи олам чораҳо андешида нашавад, пас то охири садсолаи равон ба қисме аз забонҳои дар муоширатбуда, махсусан забонҳои ақаллиятҳои миллӣ, хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. Хатари нестшавии забонҳо метавонад инсониятро аз муҳимтарин, арзишмандтарин ва қадимтарин дороии башарӣ, ки ҳазорсолаҳо ин ҷониб нақши муҳими муоширату муносибатро иҷро намудааст, маҳрум созад.
Мувофиқи маълумотҳои расмӣ алҳол ба зиёда аз 2465 (43%)-и забонҳои рӯи олам хатари маҳвшавӣ таҳдид дорад. Хатари маҳвшавӣ ҳатто ба забони ақаллиятҳои миллии маскуни давлатҳои абарқудрати сайёра, аз қабили Ҳиндустон ба 197 забон, ИМА ба 191 забон, Бразилия ба 190 забон, Хитой ба 144 забон, Индонезия ва Мексика ба зиёда аз 140- забонӣ мавҷуд аст.
Мувофиқи маълумоти харитаи забонҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО танҳо дар давоми ҳаёти се насли одамӣ дар рӯи олам 200 забон тамоман маҳв шуда, 500 забон дар ҳолати ногувор қарор дорад ва ба 500 забони дигар хавфи нестшавӣ мавҷуд мебошад. Ба зиёда аз 1000 забони дигар хавфи ҷиддии ноустуворӣ таҳдид дорад.
Ҳамасола рӯзи 21-уми февралро дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҷашн мегиранд. Ин иқдоми қабулнамудаи Конференсияи генералии ЮНЕСКО аз моҳи ноябри соли 1999 бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ ва мусоидат ба огаҳӣ аз гуногунфарҳангию рангорангӣ ва бисёрзабонии забонҳои рӯи олам, мебошад. Сабаби ба ин рӯз иттифоқ афтодани ин санаи фаромӯшнашаванда, ки имсол 19-умин солгарди он ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар миқёси ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, ин рӯйдоди 21-уми феврали соли 1952 дар шаҳри Даккаи Бангладеш аз тири кормандони мақомоти қудратӣ ба ҳалокат расидани донишҷӯён - иштирокчиёни намоиши эътирозӣ барои ҳимояи забони модарии худ мебошад. Ҳадафи донишҷӯён арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва эътирофи он ба сифати забони расмии давлатӣ буд.
Ҷиҳати пешгирии маҳви забонҳо зарур аст, ки барои асолату устуворӣ ва пойдории забони модарӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, шароити мусоид фароҳам оварда шавад, то ки гаронбаҳотарин сарчашмаи одамӣ беолоишу бегазанд монад. Омили асосӣ дар ин самт - ин дар баробари донистану риояи забони давлатӣ, боз муоширати аҳли ҷомеа ба забони модарии худ, муҳайё кардани фазои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ки ба бисёрзабонӣ ва эҳтиром ба забонҳои хурд мусоидат менамояд, мебошад. Мусаллам аст, ки забон ҳамчун олоти муошират на танҳо тавассути баён, балки ба воситаи хатти хос ифода ёфта, дарки фарҳангҳо низ мебошад.
Бисёрзабонӣ раванди мақсадноки ошноӣ ба фарҳанги ҷаҳонӣ ва ба ин васила пайдо намудани донишу фаҳмиши замонавӣ, азхудкунии фарҳангу таърих ва таҷрибаи иҷтимоии давлат ва халқҳои гуногун ба шумор меравад. Ҳадаф аз чунин раванд ин гузаштан аз давлате, ки дар он халқиятҳои гуногун аҳлона кору зиндагонӣ дошта, дар истифодаи забони модарии худ озоданд ва ба забони расмии коргузории давлатӣ арҷ мегузоранд, ба фарди донандаи чандин забон мебошад. Яъне, ташаккули шаҳрванди донандаи чандин забон ва огоҳ аз навгониҳои ҳаёту ҷаҳони муосир талаби замон аст, ки ин масъала борҳо аз ҷониби Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо додаанд.
Барои ҳимоя ва рушди фарҳангҳои гуногун, аз ҷумла бо ба инобат гирифтани фарҳанги забонӣ қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри муайянро вобаста ба ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба муносибат ба забон муқаррар намудааст.
Дар Тоҷикистон ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва ғайридавлатӣ эҳтироми хоса зоҳир мегардад. Сархати дуюми моддаи 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон агар забони русиро ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо муқаррар карда бошад, пас сархати сеюми ҳамин модда кафолат медиҳад, ки «Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Ба ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд – ба истиснои ҳолатҳое, ки моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.
Дар ҷумҳурӣ истифодаи озоди забони модариро аз ҷониби соҳибзабонон дар ҳар қадам ва дар ҳар самт эҳсос кардан мумкин аст. Мувофиқи омори расмии самти маорифи кишвар айни замон дар ҷумҳурӣ аз 3869 муассисаи таълимии мавҷуда 26 муассисаи таълимӣ ба забони русӣ, 74 муассисаи таълимӣ ба забони узбекӣ, 27 муассисаи таълимӣ ба забони қирғизӣ, 1 муассисаи таълимӣ ба забони туркменӣ ва 2 муассисаи таълимӣ ба забони англисӣ фаъолият дошта, дар маҷмӯъ дар 608 муассисаи таълимии дигар таҳсил ба забонҳои омехтаи тоҷикӣ-русӣ (141), тоҷикӣ-русӣ-узбекӣ (11), тоҷикӣ-русӣ-англисӣ (7), тоҷикӣ-узбекӣ (403), тоҷикӣ-узбекӣ-қирғизӣ (1), тоҷикӣ-қирғизӣ (28), тоҷикӣ-туркменӣ (5), тоҷикӣ-англисӣ (1) ба роҳ монда шудааст.
Аз 86 385 гурӯҳҳои (синфҳои) таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар 9437 адади он таълим ба забони ақаллиятҳои миллии русиву ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркменӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, дар онҳо дар маҷмӯъ 216 430 нафар хонандагон таълим мегиранд, ки 99 969 нафари онҳо духтарон мебошанд.
Боиси зикр ва ифтихор аст, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият барои рушди забони миллӣ ва ташаккулу таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида шуда, ҷиҳати пешбурди он тамоми заминаҳо фароҳам оварда шудааст. Дар тӯли бисту ҳашт соли соҳибистиқлолии миллии кишвар забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату ҳукумати кишвар қарор дошта, ҳамчунин доираи амали забонҳои дигари қаламрави кишварро низ муайян намудааст.
 
Раҷабалӣ САНГОВ-
сардори шуъбаи таъминоти
ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон