ЗАМИНАГУЗОРӢ БАРОИ ҚОНЕЪГАРДОНИИ ЭҲТИЁҶОТИ КӮДАКОНИ ТАЛАБОТИ МАХСУСДОШТА

07-12-2023
7 декабри соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер баргузор гардид.
Муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода оид ба вазъи соҳа, таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ барои зиёд намудани фарогирӣ, танзими фаъолияти марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ва рушди таҳсилоти томактабӣ чораҳои амалӣ меандешад.
Муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода оид ба доираи ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо созмонҳои мазкур ибрози назар намуда, қайд кард, ки таваҷҷуҳ ба муассисаҳои томактабӣ зиёд гардида, фарогирӣ сол аз сол афзоиш меёбад.
Дар навбати худ сафири Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ва роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон-ЮНИСЕФ Артур ван Дизен оид ба фаъолияту ҳамкориҳо дар самти маориф ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки лоиҳаи нави «Таҳсилоти фарогир дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ» бо мақсади қонеъ намудани эҳтиёҷоти кӯдакони дорои талаботи махсус роҳандозӣ гардида, ҷиҳати дастрасии ҳамаи кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, аз ҷумла таҳсилоти босифат мусоидат менамояд.
Сипас ҳайати меҳмонон бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода аз Маркази инкишофи кӯдаки назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 дидан карда, бо омӯзгорону тарбиятгирандагон ва волидайни онҳо суҳбат намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳадаф аз вохӯрии мазкур муаррифии лоиҳаи нави «Таҳсилоти фарогир дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ» иборат буд.
Дар охир муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода изҳори боварӣ намуд, ки дар ҳамкориву ҳамбастагӣ ва бо татбиқи босамари лоиҳаи нави «Таҳсилоти фарогир дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ» мо метавонем барои фардои дурахшони кӯдакон, ки ояндаи миллатанд, заминаи мусоид фароҳам оварда, дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат саҳмгузор бошем.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон