Жило Гулназарзода: «22 донишҷӯ дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Чин таҳсил доранд»

06-07-2024
Тибқи созишномаҳои баимзорасида, 22 донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Чин таҳсил менамоянд. Ин матлабро ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода 4 июл зимни баргузории маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар 6 моҳи соли равон, баён кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, яке аз ҳадафҳои донишгоҳ ин таҳсил ва табодули таҷрибаи донишҷӯён дар хориҷи мамлакат мебошад.
 
Ба гуфти Жило Гулназарзода, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони забоншинос, омӯзгор ва тарҷумонҳои рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат мусоидат карда, барои татбиқи рисолати донишгоҳ ва баланд гардидани рейтинги он дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ пайваста саъю талош менамояд.
 
Иброз гардид, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани кадрҳои забондон, дар донишгоҳ дар баробари омӯзгорони соҳибтаҷриба 7 нафар омӯзгори хориҷӣ фаъолият намуда истодаанд.
 
«Дар шаш моҳи аввали соли 2024 50 нафар волонтёри забондон дар Мусобиқаи байналмилалии «Grand slam – 2024» ва 25 нафар волонтёри забондон дар Форуми Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» меҳмононро ҳамроҳӣ карданд, ки натиҷаи фаъолияти пурсамари омӯзгорони донишгоҳ мебошад»,-иброз дошт Жило Гулназарзода.
 
Таъкид гардид, ки робитаҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи ҳамкории мутақобилаи судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат дар ин давра 11 созишномаи нави ҳамкорӣ ба тавсиб расонида шуд, ки дар умум теъдоди созишномаҳо ба 57 адад расид.