Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз

04-08-2022
Наврасон ва ҷавонон, ки мо онҳоро наслҳои ояндасози кишвар медонем, вазифадоранд, ки ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ҷиддӣмашғул шаванд, ду - се забони хориҷиро мисли забони модарии худ донанд ва истифодаи технологияҳои электронии муосирро аз худ намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон
Омӯзиши пайваста инсонро дар ҷомеа соҳибэҳтирому шарафманд мегардонад. Қадами нахустини ворид шудан ба дунёи рангини маънавият мактаб ба ҳисоб меравад. Яъне, мактаб макони муқаддас буда, хонандагон дар ин даргоҳаҳамияти омӯзишу донишро ба таври амиқ дарк мекунанд.
Хушбахтона, ҳамасола 1 сентябр дар кишвари мо Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштирок ва суханронии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон баргузор мегардад. Дар суханрониҳои Пешвои миллат вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ба қадри сулҳу ваҳдат расидан ва пайваста ба омӯзишу мутолиа ҷалб намудани наврасону ҷавонон таъкид мегардад. Ин суханрониҳои Пешвои миллат ҳамчун дастури судманд вазифаву масъулияти аҳли илму маорифро зиёд мегардонанд. Пешвои миллат, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар маросими ифтитоҳи гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар Рӯзи дониш (1.09.2021) таъкид доштанд, ки «… мо – мардуми тоҷик, ба қадри сулҳу оромӣва зиндагии осоишта мерасем, онро неъмати бузург медонем, зеро мардуми Тоҷикистон ҳаёти осударо бо баҳои ниҳоят гарон ба даст овардаанд. Маҳз бо сабаби он ки сулҳу оромӣбарои зиндагии инсон аҳамияти ҳаётӣдорад ва хусусан, дар шароити пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир мо бояд ба хотири ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, инчунин, барои пешгирӣ кардани таҳдиду хатарҳои замони нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ва дигар омилҳои хатарзо беш аз ҳар вақти дигар саҳмгузор бошем».
Мусаллам аст, ки сулҳу ваҳдат ва донишу омӯзиши илм ба ҳам тавъаманд. Оне, ки пайваста меомӯзаду мутолиа менамояд, ҳамеша ба қадри сулҳу ваҳдат мерасад. Унвон гирифтани дарси якум ҳамчун Дарси сулҳ далели ин гуфтаҳост. Суханрониҳои Пешвои миллат масъалаҳои зиёдро дар назди аҳли маориф мегузорад, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣва рушди босуръати соҳаи маориф таваҷҷуҳба илмҳои бунёдӣ аз омӯзгорон масъулияти бештарро тақозо мекунад. Дарвоқеъ, бе донистани илму технологияи инноватсионӣва дар умум, ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ наметавон ба пешрафту дастовардҳои чашмгир ноил шуд. Аз ин рӯ, бо эълон гардидани панҷсолаи рушди саноат вазифаи омӯзгорон дар самти ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣва табиатшиносӣ бештар мегардад. Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқва риёзӣдар соҳаи илму маориф низ ба рушди тафаккури техникӣва ҷаҳонбинии илмии хонандагону ҷавонон нигаронида шуда, дар ин замина гомҳои устувор низ гузошта шудааст. Ҳамчунин, гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» низ ба ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба илмҳои бунёдӣмусоидат намуда, ба васеъ гардидани ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот такони ҷиддӣбахшид.
Дар баробари ин, соли сеюм аст, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати наврасону ҷавонон ва сухандону суханвар гардидани онҳо ва дар умум, тарбияи маънавии аҳли ҷомеа озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣкитоб аст» баргузор мегардад. Дар ин ҷода чопи китобҳои бадеӣба маротиб зиёд гардид ва дар 30 ҷилд ба нашр расидани осори шоирону нависандагони муосири тоҷик аз ҷониби Вазорати маориф ва илм далели гуфтаҳои болост. Иқдомҳои Ҳукумат ва Давлати Тоҷикистон дар маҷмуъ, ба ҷалби хонандагону донишҷӯён ба донишу омӯзиш ва аз худ кардани технологияи муосир равона карда шудааст.
Дарвоқеъ, масъалаи омӯзишу мутолиа ва нақши он дар рушду тафаккури инсон дар асарҳои адибони тоҷик ба таври густурда инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣдар бораи муҳимияти омӯзиш бамаврид гуфтааст:
Зи дониш шавад кори гетӣба соз,
Зи бедонишӣкор гардад дароз.
***
Дилатро ба донишварӣдор хуш,
Чу донистӣ, он гоҳдар кор кӯш!
Оне, ки меомӯзад, ҳеҷгоҳбо рӯ ба рӯшудан бо мушкилоту сахтиҳои зиндагӣшикваю шикоят намекунад ва ҳамеша роҳҳои раҳоӣаз бунбастро дармеёбад.
Асадии Тӯси низ дар мавриди омӯзиш мефармояд:
Касе, к-аш равон шуд ба дониш
ҷавон,
Гараш тан бимирад, намирад равон.
Воқеан, мутолиаву омӯзиш инсонро маънаван қудратманд мегардонад ва андешаву ҷаҳонбиниашро тавсеа мебахшад.
Дар мавзуи сулҳу ваҳдат низ шоирону нависандагони тоҷик осори зиёде эҷод кардаанд. Ба гунаи мисол, Аминҷон Шукӯҳӣдар ин хусус хеле хуб нигоштааст:
Сулҳчароғи раҳи оянда аст,
Сулҳзи иқбол намоянда аст.
Сулҳшакарханди лаби кӯдакон,
Сулҳ ҳамоҳанги дили модарон.
Устодону омӯзгоронро зарур аст, дар дарсҳо ба хонандагону донишҷӯён перомуни аҳамияти омӯзишу мутолиа ва расидан ба қадри сулҳу ваҳдатро мунтазам талқин намуда, дар рӯҳияи ифтихори баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳии ватандорӣба камол расондани онҳо саҳми шоиста гузоранд.

Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»