Зуҳуроти номатлуби замон

06-04-2018
Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари ҷиддӣ ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. 
Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, диққат додан  хеле муҳим аст.
Бинобар ин мо, шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва бемасъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошем.
Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯш шудаест, ки ба зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат ва бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.
Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи асосии онҳо барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат мебошад. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ фирефтаи таълимоти гӯё динӣ гашта, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ», тавзеҳ мебахшанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманони худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш, супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам ҳамталошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.
Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихи миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба мероси маънавӣ-фарҳангии он шахсро бо инкори ҳақиқат, ба бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки нақши фарҳанг, таълиму тарбияи насли наврас, ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд ва баъд ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Дар вақти таълими фанҳои таърих ва ҳуқуқ ва дар ҷараёни корҳои тарбиявию беруназсинфӣ дар масъалаи хавфи терроризм дар ҷаҳони имрӯза ва ҳушёрию зиракии наврасон дар ин самт бояд эътибори ҷиддӣ дод.
Мастона САТТОРОВА, 
омӯзгори гимназияи №74-и
ноҳияи Фирдавсӣ