БОЗДИДИ З.АБДУЛЗОДА АЗ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №14-И ДЕҲАИ ХУШЕКАТИ НОҲИЯИ АЙНӢ

20-05-2022
20-уми майи соли ҷорӣ доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи хонандагони муассисаҳои таълимӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим ва истифодаи технологияи муосир дар раванди дарс, таъминот бо китобҳои дарсӣ, дастгирии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми онон дар муассиса ва ҷомеа муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ба номи Шоисмат Ҳасанови деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ боздид ба амал овард. 
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимии мазкур соли 1976 ба истифода дода шуда, дар он ба 354 хонанда 23 омӯзгор таълим медиҳанд. 
Ҳангоми шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия, ҳолати физикии муассисаи таълимӣ ва проблемаву мушкилоти он муовини вазири маориф ва илм ба синфи 11 ворид гардида, бо хонандагон суҳбати озод доир намуд ва дархост ба амал овард, ки баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун мутахассисони соҳибкасб ба халқу Ватан хизмати содиқона намоянд. 
Сипас, муовини вазир З.Абдулзода бо омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур суҳбати касбӣ доир намуда, таъкид кард, ки мақсад аз ташриф ба муассиса ва суҳбати имрӯза огоҳ шудан аз вазъи соҳа, аз забони омӯзгорон шунидани проблемаву мушкилоти ҷойдошта, муайян намудани роҳҳои баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва дар ин замина, ҷиҳати рушди соҳа шунидани таклифу пешниҳодҳо аст.
Омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур дар навбати худ доир ба норасоии китобҳои дарсӣ, омӯзгори фанни таърих, таъмирталаб будани муассиса, санҷишҳои ғайрисоҳавию ғайринақшавӣ ва ғайра таклифу пешниҳодҳо манзур намуданд.
БАХТОВАР САФАРОВ