КӮДАКОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД.

17-08-2023
Иқдомҳои пайвастаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти  осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар рӯҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд.
  Ифтитоҳи кӯдакистон дар ноҳияи Шуғнон аз иқдомҳои беназир аст.
  Кӯдакистони №2  яке аз марказҳои таълимиву тарбиявӣ ба шумор рафта, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро,  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Далер Ҷумъа, раиси  Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода  ва мудофияи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода, сардори раёсати маорифи ВМКБ Аминҷон Мирзоқандов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон Кабир Ризо Охирназар ва раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардид.
  Бинои навбунёди кӯдакистон  2 ошёна буда,дар он ҳуҷраи бозии кӯдакон,ҳуҷраи хоб, утоқи ёрирасон, ошхона бо тамоми шароити мусоид  ҷойгир шудааст.