Машварати августии омӯзгорони вилояти Хатлон - БА ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН ДАФТАРЧАИ МЕҲНАТӢ ДОДА ШУД

23-08-2023
Ба чанде аз омӯзгорони ҷавон, ки фаъолияти худро тибқи роҳхат Вазорати маориф ва илм дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз бахшиданд, аз тарафи раиси вилоят Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро дафтарчаи меҳнатӣ тақдим карда шуд.
Инчунин, Давлаталӣ Саид ва Саидзода Раҳим Ҳамро бо омӯзгорони ҷавон оид ба пешаи омӯзгорӣ, фанни таълимӣ, дастгирӣ ва имтиёзҳо сӯҳбат озод оростанд.
Омӯзгорон ҷавон барои дастгирии пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон, вазири маориф ва илми кишвар барои дастгирию ғамхориҳо изҳори сипос намуданд. Ваъда доданд, ки баҳри арзанда будан ба боварию ғамхориҳо талоши худро дучанд мекунанд.
(Чорабинӣ идома дорад)
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон