МУЛОҚОТИ САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО БО ТАМАРА РАСТОВАК СИАВИШВИЛИ

01-07-2022
Дар бошишгоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро бо роҳбари Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО Тамара Растовак Сиавишвили баргузор гардид, ки дар он вобаста ба масъалаҳои шиносоии иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити муқаддимотии вазирони маорифи кишварҳои дунё ва рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Нахуст, зимни суҳбат вазири маориф ва илм аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ва дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумоти муфассал дод. 
Дар навбати худ, Тамара Растовак Сиавишвили аз иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити муқаддимотии вазирони маорифи кишварҳои дунё изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки иштирок дар Саммит имкони мусоид барои шиносоӣ аз ҷараёни трансформатсияи соҳаи маориф дар дунё ва ироаи таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт мебошад.
Дар идомаи суҳбат мавсуф бо хушнудӣ ва ёдоварӣ аз рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса ва саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг ва ҳамкориҳои Тоҷикистону ЮНЕСКО зикр кард, ки чунин муносибат ва таваҷҷуҳ зоҳир кардан намунаи беҳтарини Роҳбари олии як давлат ба масъалаҳои зикршуда мебошад.
Дар вохӯрӣ, инчунин, масъалаҳои рақамикунонии соҳаи маориф ва трансформатсияи соҳаи маориф мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсиси Маркази инноватсионии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад ёдовар шуда, зикр кард, ки Вазорати маориф ва илм омода аст, ҷиҳати рушди ҳамкориҳо тамоми тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намояд. 
Дар навбати худ, роҳбари Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО Тамара Растовак Сиавишвили аз вохӯрии худ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки тамоми ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, омода аст, ки дар дилхоҳ самт ҷиҳати рушди соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.