БА ТАВАҶҶУҲИ ДОВТАЛАБОН! ДОНИШКАДАИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОСКВА (МГИМО) БАРОИ ЗИНАИ БАКАЛАВР ВА МАГИСТРАТУРА БУРСИЯИ ТАҲСИЛӢ ҶУДО НАМУДААСТ

07-04-2023
Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабон мерасонад, ки Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО) 6 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи бакалавр ва 2 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи магистратура аз рӯйи ихтисосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, омӯзиши минтақавии хориҷӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, журналистика, реклама ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, сотсиология, сиёсатшиносӣ, идораи давлатӣ ва мунисипалӣ, молия ва қарз, кори тиҷоратӣ ҷудо намудааст.
Бақайдгирии довталабон то санаи 30.04.2023 идома меёбад.
Довталабоне, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, метавонанд то санаи муқарраргардида ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоянд.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода – 47 (рӯ ба рӯи Алиф Сармоя).
Телефон барои маълумот: 2-23-23-59