Даъватнома барои иштирок дар озмуни таъмир

04-06-2019
Бо мақсади таъмири ҷории  бинои Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор», Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро барои ширкат дар озмун бо тариқи иштироки номаҳдуд бо ҳуқуқи бастани қарордод оид ба таъмир даъват менамояд. 
Тавсифи муфассал ва шартҳои қарордод, ҳамчунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр ёфтааст, ки он ба ҳар кадом иштирокчӣ бо дархости хаттии вай бо тартиби зерин пешниҳод карда мешавад: 
Баъд аз пардохти маблағи бебозгашт арзиши ҳуҷҷаҳои тендерӣ ба хазинаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (арзиши ҳуҷҷат 100 сомонӣ), аз тарафи шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ (ҳуҷраи 102)  ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешниҳод мегардад. 
Сана ва вақти кушодони дархост: 28 июни соли 2019, соати 15:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи ш.Душанбе к.Нисормуҳаммад 13А
Шартҳои боқимонда ва маълумоти муфассал оид ба озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ, дарҷ  гардидааст.
Телефон барои маълумот: 227-45-02;