Даъватнома барои иштирок дар тендери чопи журналҳои синф барои синфҳои 1-4 ва 5-11

29-11-2019
Бо мақсади дастгирии соҳибкорон, рушди ширкатҳои полиграфӣ ва дар дохили ҷумҳурӣ бо стандартҳои байналхалқӣ чоп кардани журналҳои синфӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро  барои ширкат дар озмун  бо тариқи иштироки номаҳдуд бо ҳуқуқи бастани қарордод оид ба чопи журналҳои зерин:

Номгӯй

Лот 

1.

«Журнали синф» барои  синфҳои 1-4

лоти 1

2.

«Журнали синф» барои  синфҳои 5-11

лоти 2

даъват менамояд.
Тавсифи муфассали журналҳои синфии чопшаванда ва шартҳои қарордод, ҳамчунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр гардидааст, ки он ба ҳар кадом хоҳишманд аз ҳуҷраи-102 шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби зерин пешниҳод карда мешавад: 
Баъд аз пардохти маблағи бебозгашти арзиши ҳуҷҷатҳои тендерӣ ба хазинаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (арзиши як лот 100 сомонӣ). 
Муҳлати охирини қабули дархостҳо ва кушодашаваии лифофаҳо:  рӯзи 21 декабри соли 2019, соати 0900  дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо суроғаи шаҳри Душанбе кӯчаи Нисормуҳаммад 13а  муайян карда шудааст. 
Телефонҳо барои маълумот: 227-45-02;  
Ба диққати довталабон расонида мешавад, ки маблағи чоп барои китобҳои дарсии номбурда баъди нашр ва ба анбори Вазорати маориф ва илм супоридани онҳо пардохт карда мешавад.