Диққат! Ҳафтаномаи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд

12-03-2024
Ҳафтаномаи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарин маводи публитсистию адабӣ аз рӯйи жанрҳои мақола, очерк, лавҳа, ҳикоя ва эссе озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори ман – ифтихори ман”-ро эълон менамояд.
 Ҳадаф аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори ман – ифтихори ман” татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати моариф ва илм ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва инъикоси фаъолияти густардаву фидокоронаи онҳо буда, навиштаҳое ба озмун роҳ дода мешаванд, ки дар онҳо аз умумигӯӣ, баёни сатҳии тарҷимаи ҳоли омӯзгорон ва нақли хушку беобуранг худдорӣ шуда бошад. Ба навиштаҳое, ки муъҷазу муассиранд ва дорои забони шевою ҷозибанд, бартарӣ дода мешавад.
  Инчунин, нигоштаҳо бояд инъикосгари таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба аҳли маориф бошанд, чеҳраи воқеии омӯзгор ва корномаи ӯро ба таври муассир бозгӯӣ кунанд, мавқею мартабаи шоистаи омӯзгорро дар ҷомеаи мо тасвир намоянд, навгонию эҷодкорӣ, хислатҳои ҳамидаи аҳли таълиму тарбия ва нақши онҳоро дар ҷомеа тавсиф бахшанд, аз таҷрибаи судманди омӯзгорон ҳикоят намоянд.
Иштирок дар озмун озод буда, хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорон, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон ва кормандони касбу кори гуногун метавонанд дар он иштирок намоянд.
Озмун аз рӯзи эълон шуданаш то 10-уми сентябри соли 2024 идома меёбад ва дар арафаи Рӯзи омӯзгорон ҷамъбаст мешавад. 
Ғолибони озмунро туҳфаҳои зерин интизор аст:
Ҷойи якум – 10 000 сомонӣ
Ҷойи дуюм – 7 000 сомонӣ
Ҷойи сеюм – 5 000 сомонӣ
Ҳамчунин, 3 иштирокчии фаъол бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда мешаванд.
Навиштаҳо ба озмун набояд аз 4-5 саҳифаи  чопи компютерӣ бо ҳуруфи 14 зиёд бошанд.
Навиштаҳое, ки ба озмун роҳ меёбанд, дар шакли китоби алоҳида чоп хоҳанд шуд.
Иштирокчиён метавонанд матолиби худро ба суроғаи электронии ҳафтаномаи “Омӯзгор” – n.omuzgor@maorif.tj ё бевосита ба идораи ҳафтанома ирсол намоянд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 126, бинои КВД “Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе”.
Телефон барои тамос: 225-81-57