ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН! ...

25-07-2024
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи намояндагони васоити ахбори омма мерасонад, ки 26 июли соли 2024, соати 08:30, дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи А. Адҳамов 11/2 нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм баргузор мегардад.
Намояндагони ВАО метавонанд, барои дарёфти маълумот ва пешниҳоди саволҳо ба Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм (227-37-06, press@maorif.tj) муроҷиат намоянд.