Э Ъ Л О Н!

25-03-2022
Эълон дар бораи қабули хуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” барои соли таҳсили 2022-2023.
Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” дар зинаҳои бакалавр, мутахассис, магистр, аспирантура, докторантура ва коромӯз аз рӯи ихтисосҳои гуногун қабули ҳуҷҷатҳо оғоз гардидааст.
Ҳуҷҷатҳо лозима барои иштрок дар озмуни Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дурахшандагон” дар соли таҳсили 2022-2023:
1. Ариза (намуна дар марказ пешниҳод мешавад) 
2. Анкетаи шакли муқарраршуда (дар марказ пешниҳод мешавад)
3. Нусхаи шиноснома
4. Нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи шаҳодатномаи таваллуд
5. Нусхаи аттестат ё табели баҳо (барои дарёфти зинаи бакалавр ва мутахассис)
6. Нусхаи диплом бо замимаҳояш (барои дарёфти зинаи магистр, аспирант ва доктор)
7. Мактуби тавсиявӣ аз ҷои таҳсил ва кор
8. Маълумотномаи тиббӣ 086 ё 036 ва ВИЧ СПИД
9. Маълумотномаҳо аз диспансерњои наркологӣ ва психоневрологӣ
10. Сертификати забонҳои хориҷӣ (TOEFL/IELTS, HSK ва ғайра дар ҳолати мавҷуд будан)
11. Дастовардҳои довталаб (дипломи дараҷаи 1,2,3,
сертификат, медал, ифтихорнома ва ғайра дар ҳолати мавҷуд будан)
12. Реферат аз рўи мавзўи интихобгардида (барои дарёфти зинаи аспирант ва доктор)
13. Мактуби тавсиявӣ (барои дарёфти зинаи магистр, аспирант ва доктор)
14.Маълумотнома аз ҷои истиқомат
15. Нусхаи шиносномаи падару модар
16. Маълумотнома аз ҷои кори падару модар (дар ҳолати мувақатан бекор будани волидайн аз шӯъбаи шуғли аҳолии ҷои истиқомат пешниҳод намудани маълумотнома)
17. 4 дона расми ранга 3х4
18. Маълумотномаи доғи судӣ
Барои номнавис шудан, хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” (ш. Душанбе, кўчаи М. Турсунзода 47) бо хуҷҷатҳои лозима муроҷиат намоянд.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 01.05.2022.
Телефонҳо барои тамос: 223-23-59; 221-11-75.