ЭЪЛОН!

16-01-2020
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва довталабон мерасонад, ки Ҳукумати Федератсияи Россия тибқи нақшаи қабули шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳисоби буҷети федералии Федератсияи Россия дар соли таҳсили 2020-2021 барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия 630 бурсияи таҳсилӣ ҷудо намудааст.
Тибқи маълумоти Намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии довталабон аз 20-уми январ то 20-уми феврали соли 2020 тариқи сомонаи интернетии www.edu.rs.gov.ru ба роҳ монда шуда, баргузории даври аввали имтиҳонҳо аз 21 феврал то 14 марти соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.