ФАРМОИШИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз «_09_» __08__ соли 2023 №_1078_ ш. Душанбе Дар бораи танзими ҷалби кӯдакон ба кино, театр ва консертҳо дар ҷараёни таълим

29-08-2023
Бо мақсади иҷрои банди 7 Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалигардонии ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» дар соли 2023 мутобиқи сархати 1 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва банди 11 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдиқ шудааст, ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
 
1. Дар ҷараёни таълим ҷалби кӯдакон ба кино, театр ва консертҳо манъ карда шавад.
2. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ уҳдадор карда шаванд, ки дастрасии фармоиши мазкурро ба муассисаҳои таълимӣ (новобаста аз шакли моликият) таъмин намуда, ҳар сол оид ба иҷрои фармоиши мазкур ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ  уҳдадор карда шаванд, ки дар ҷараёни таълим ҳамагуна ҷалби кӯдакон ба кино, театр ва консертро дар муассисаҳои таълимӣ пешгирӣ намоянд. 
4. Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак (Ҷаҳонгир Бобоҷон) рафти иҷрои фармоиши мазкурро таъмин намояд.
5. Сармуҳаррири рӯзномаи «Омӯзгор» уҳдадор карда шавад, ки фармоиши мазкурро ба табъ расонад.
6. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода гузошта шавад.
Асос: фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2023, №422.
 
 
Вазир                                             Раҳим Саидзода
 
 
Муовини вазир
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак
Раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ
Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ