Иттилоия

05-05-2022
Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи довталабон мерасонад, ки Ҷумҳурии Белоруссия барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ 5 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи бакалавр, 2 бурсияи таҳсилӣ барои зинаи магистратура ва 1 бурсияи таҳсилӣ барои зинаи аспирантура аз рӯи ихтисосҳои муайян дар соли 2022-2023 ҷудо намудааст.
Довталабоне, ки хоҳиши таҳсил дар мупссисаҳои олӣ ва илмии Ҷумҳурии Белорусияро доранд метавонанд, то санаи 10.06.2022 барои иштирок дар озмуни бурсияҳои мазкур худро дар Маркази барномаҳои байналмилалӣ бақайд гиранд.
Суроға ш. Душанбе, к. М. Турсунзода 47 (назди Алиф Сармоя)
Ҳуҷҷатҳои лозима барои бақайдгирӣ ва иштирок дар озмун
1. Нусхаи шиноснома
2. Нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи шаҳодатномаи таваллуд
3. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот: аттестат ё маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11. 
4. Нусхаи диплом бо замимаҳояш (барои дарёфти зинаи магистр)
5. Маълумотномаи тиббӣ 086 ё 036 ва ВИЧ СПИД
6. Маълумотномаҳо аз диспансерњои наркологӣ ва психоневрологӣ
7. Сертификати забонҳои хориҷӣ (TOEFL/IELTS, ва ғайра дар ҳолати мавҷуд будан)
8. Дастовардҳои довталаб (дипломи дараҷаи 1,2,3,
9. сертификат, медал, ифтихорнома ва ғайра дар ҳолати мавҷуд будан)
10. Маълумотнома аз ҷои истиқомат
11. Нусхаи шиносномаи падару модар
12. Маълумотнома аз ҷои кори падару модар (дар ҳолати мувақатан бекор будани волидайн аз шӯъбаи шуғли аҳолии ҷои истиқомат пешниҳод намудани маълумотнома)
13. Сурати ранга 3х4 (4 дона)