ТАВАҶҶУҲ! ТАВАҶҶУҲ! ТАВАҶҶУҲ! ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

19-06-2024
1. Сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ – 1 ҷой  (категорияи  1), маоши мансабӣ  3300,35  сомонӣ.
2. Мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти томактабӣ – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1352,90 сомонӣ.
3. Мутахассиси раёсати илм ва инноватсия – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ 1112,20  сомонӣ.
4. Муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак – 1 ҷой (категорияи 2), маоши мансабӣ 2711,80  сомонӣ.
5. Сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой  (категорияи  1), маоши мансабӣ  3300,35  сомонӣ.
6. Мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ – 2 ҷой     (категорияи 7), маоши мансабӣ 1112,20  сомонӣ.
7. Мутахассиси пешбари шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1352,90 сомонӣ.
8. Мутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ 1112,20  сомонӣ.
9. Мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1352,90 сомонӣ.
10. Мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ – 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1352,90 сомонӣ.
11. Мутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ – 1112,20  сомонӣ.

Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ пардохт карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида; 
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби 
сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ:
– таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси 
пешбари раёсати таҳсилоти томактабӣ:
– таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

раёсати илм ва инноватсия:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ихтисоси гуманитарӣ, техникӣ ё табиӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби 
муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби 
сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ:
– таҳсилоти олии касбии ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси
раёсати муносибатҳои байналмилалӣ:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии муносибатҳои байналмилалӣ ё гуманитарӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари
шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф  ва илм:
– таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси 
шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф  ва илм:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ихтисоси иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
кор карда тавонистан бо компютер

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ:
– таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ва ё молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси
пешбари шуъбаи аудити дохилӣ:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодӣ ё молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
мутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
          кор карда тавонистан бо компютер

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, телефон: 221-37-65, 227-67-07, факс: 221-70-25, суроғаи электронӣ: kadr@maorif.tj, сомона: www.maorif.tj  

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси
Вазорати маориф ва илм

НАМУНАИ САВОЛҲОИ ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дастурамали мансабии муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон