ТАВАҶҶУҲ!!! ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

16-10-2023
1. Сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ –1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ.
2. Мутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ –1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ 1112,20 сомонӣ.
3. Мутахассиси пешбари раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак – 1 ҷой(категорияи 6), маоши мансабӣ 1352,90 сомонӣ.
4. Мутахассиси пешбари раёсати муносибатҳои байналмилалӣ –1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1352,90 сомонӣ.
5. Мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ –2 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ 1112,20 сомонӣ.
6. Сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм – 1 ҷой(категорияи 1), маоши мансабӣ 3300,35 сомонӣ.
7. Сармутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм 1 ҷой(категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ.
8. Мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ - 1 ҷой(категорияи 6), маоши мансабӣ 1352,90 сомонӣ.
9. Мутахассиси шуъбаи аудити дохилӣ - 1 ҷой(категорияи 7), маоши мансабӣ 1112,20 сомонӣ.
10. Сардори шуъбаи сифати таҳсилот - 1 ҷой(категорияи 3), маоши мансабӣ – 2473,40 сомонӣ;
11. Мутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот –1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ –1112,20 сомонӣ.
12. Сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро - 1 ҷой(категорияи 5), маоши мансабӣ – 1660,00 сомонӣ.
Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ пардохт карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо(бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассиси
раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ:
– таҳсилоти олии касбии ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ё табиию риёзӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиисоҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси
раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ихтисосҳои гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
мутахассиси пешбари раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак:
– таҳсилоти олии касбии ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси
пешбари раёсати муносибатҳои байналмилалӣ:
– таҳсилоти олии касбии муносибатҳои байналмилалӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси
раёсати муносибатҳои байналмилалӣ:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии муносибатҳои байналмилалӣ ё гуманитарӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сардори
раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм:
– таҳсилоти олии касбии ихтисоси иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё7 сол собиқаиумумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассиси
шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм:
– таҳсилоти олии касбӣ иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳова санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси
пешбари шуъбаи аудити дохилӣ:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодӣ ё молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
мутахассиси шуъбаи аудити дохилӣ:
– таҳсилоти олӣ ихтисоси иқтисодӣ ё молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои мансаби
сардори шуъбаи сифати таҳсилот:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
мутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот:
– таҳсилоти олӣ ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, телефон: 221-37-65, 227-67-07, факс: 221-70-25, суроғаи электронӣ: kadr@maorif.tj, сомона: www.maorif.tj

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси
Вазорати маориф ва илм