ТАВАҶҶУҲ! Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад

12-06-2024
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки дар асоси қисми 5 моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи истироҳат ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъд аз рӯзи иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад.
Бо назардошти ин, дар ташкилотҳои соҳаи маориф 17 июн (душанбе) рӯзи истироҳатӣ ҳисобида мешавад.