Бо мақсади дастгирӣ ва рушди истеъдодҳои хонандагони имконияташон маҳдуд (дорои нуқсони шунавоӣ ва гӯёӣ), маротибаи аввалин Сурдоолимпиадаи фаннӣ баргузор мегардад!

 

Барои чӣ Сурдоолимпиадаи фаннӣ муҳим аст?

 

-таъмини имкониятҳои баробар барои кӯдакони лаёқатманд;

-ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба рушди маърифатии кӯдакони имконияташон маҳдуд;

-тақвияти донишҳои фаннӣ ва дастгирии истеъдодҳои нодир, ки дорои имконияти маҳдуд мебошанд.

 

Даврҳои Сурдоолимпиада:

-даври якум (муассисавӣ) то 20 март 2025;

-даври дуюм (ҷумҳуриявӣ) то 20 май 2025.

 

Киҳо метавонанд иштирок кунанд?

 

-хонандагони синфҳои 5-10 аз мактаб-интернатҳои давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки барномаҳои таълимии мутобиқшударо аз худ кардаанд.

 

Сурдоолимпиадаи фаннӣ на танҳо як озмун, балки як қадами бузург дар роҳи рушд ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои кӯдакони имконияташон маҳдуд мебошад. Ин иқдом ба онҳо кумак мекунад, ки истеъдоди худро нишон диҳанд, омӯзанд ва ба дастовардҳои нав ноил гарданд!