19.04.2025

 img

Дар доираи баргузории дуюмин Фестивал — намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Қудрат Давлатзода бо ҳайати Донишгоҳи миллии техникии Қазоқистон ба номи К.И.Сатпаев баргузор шуд.

 

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот ба масъалаҳои тақвият бахшидани корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ, омода намудани муҳандисони баландихтисоси самтҳои сохтмон, меъморӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, IT, инчунин ҷалби ҳайати профессорону омӯзгорон ба машғулиятҳои илмию амалӣ дар раванди таълими донишҷӯён ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

 

Қудрат Давлатзода дар доираи созишномаи ҳамкории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии техникии Қазоқистон омода намудани муҳандисони баландихтисосро тибқи барномаҳои таълимии муштарак таъкид намуда, изҳор дошт, ки омӯзгорони донишгоҳ бо мақсади омӯзиш ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси самти муҳандисӣ пайваста ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат тақвият медиҳанд.

 

Дар фарҷом ҷонибҳо иброз доштанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ равобити муштараки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҳамкории судманди марказҳои илмию таълимӣ муҳим арзёбӣ гашта, корҳои илмӣ – таҳқиқотии дуҷониба, ҷалби ҳайати профессорону омӯзгорон дар машғулиятҳои илмию амалӣ тақвият дода мешаванд.

 

Инчунин ҳайати меҳмонон намоиши дастовардҳои илмии донишгоҳро тамошо намуда, бо имкониятҳои мавҷуда ва дурнамои татбиқи иқтидори илмии донишгоҳ аз наздик шинос шуданд.

  • Донишгоҳҳои техникии Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро тақвият мебахшанд img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад Аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд карда мешавад. Чунин баён гардид 16 декабр зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ.   Ҳамзамон Сарвари давлат дастур доданд, ки маоши дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.   Дар даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд. Аз аввали соли таҳсили 2025-2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шуд. Маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол ба сол афзоиш дода шудааст, ки ин, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани шароити таҳсил, инфрасохтори соҳа ва вазъи иқтисодии омӯзгорон мусоидат мекунад.   Дар воқеъ, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи Тоҷикистон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид. Таъсиси квотаи президентӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо ва донишгоҳҳои нав, баланд бардоштани нақши омӯзгор дар ҷомеа, додани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон аз ҷумлаи ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат мебошанд, ки дар рушди соҳа амалӣ карда мешаванд.   Тақрибан ҳамасола баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи маориф далели бебаҳси таваҷҷуҳ ба ҳаёти иҷтимоии омӯзгор ва ба ин васила баланд бардошти сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.   Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он идома дорад.   Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар мегардад.   Тавре Сарвари давлат иброз намуданд, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.   «Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015 панҷуним баробар зиёд мебошад», -иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.   Бояд гуфт, ки дар замони ҷаҳонишавӣ бартарӣ ва афзалият додан ба соҳаи маориф, бешубҳа, воситаи муҳими расидан ба ҳадафҳо ва амалӣ намудани нақшаҳои стратегии давлат мебошад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки бартарият додан ба соҳаи маориф ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ мусоидат менамояд. Бо инобати ин Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа бештар таваҷҷуҳ намуда, барои пешрафти он аз тамоми имконот истифода менамояд. Зеро барои ҳамқадами замон будан, пеш аз ҳама, бояд насли донишманд ва босавод тарбия намуд.

    635

    17.12.2025
  •  img
    Дар Тоҷикистон Маркази омодагӣ ва имтиҳони HSK таъсис дода мешавад Дар Тоҷикистон Маркази омодагӣ ва имтиҳони Hanyu Shuiping Kaosh (HSK) таъсис дода мешавад.  Дар ин хусус зимни вохӯрии муовини директори Маркази барномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддини Баҳриддин бо роҳбари Маркази байналмилалии санҷиши забони чинӣ Ли Пейзэ, ки дар шаҳри Пекин доир шуд, иттилоъ дода шуд.   Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ иттилоъ доданд, ин марказ ба  донишҷӯёни тоҷик имконият медиҳад, ки бе хароҷоти сафар ба хориҷ, дар дохили ҷумҳурӣ сертификати байналмилалӣ ба даст оранд ва барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои беҳтарини Чин омода шаванд.   Ҷонибҳо дар вохӯрӣ масъалаи муҳимми таъмини дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ба имтиҳони байналмилалии HSK-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Тибқи пешниҳоди Маркази барномаҳои байналмилалӣ, ҷониби чинӣ омодагии худро барои кушодани намояндагии расмии HSK дар Тоҷикистон, ташкили курсҳои ройгони омодагӣ барои донишҷӯён ва муҳассилини тоҷик ва баргузории имтиҳони байналмилалии HSK дар мамлакат изҳор намуд.   Бояд гуфт, сертификати байналмилалии HSK яке аз муҳимтарин санадҳои забономӯзӣ ба шумор рафта, барои дохил шудан ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти калидӣ дорад.   Маркази байналмилалии санҷиши забони чинӣ ва платформаи «ChinesePlus», ки дар назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият мекунанд, ташкилотҳои расмии давлатӣ буда, татбиқи барномаҳои омӯзишӣ ва санҷишии забони чинӣ дар ҷаҳонро ҳамоҳанг месозанд.

    203

    14.12.2025
  •  img
    Дастаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор дар Камбоҷа 51 медал ба даст овард Дастаи Тоҷикистон дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа дар Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор (AMС–2025), ки маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандсозии ғолибони 14 декабр баргузор гардид, 51 медал ба даст овард. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.   Аз ин шумора 14 медали тилло, 17 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ мебошад. Инчунин 5 нафар намояндаи навраси Тоҷикистон бо гирифтани холҳои баланд ба гурӯҳи беҳтаринҳо шомил гардида, маҳорати баланди илмӣ, тафаккури таҳлилӣ ва омодагии ҷиддии худро собит намуданд. Ин дастовард далели равшани рушди маориф, дастгирии истеъдодҳо ва самаранокии сиёсати давлатии соҳаи илму маориф дар кишвар мебошад.   Дар ин олимпиада беш аз 1600 хонанда аз 13 кишвари Осиё иштирок намуда, сатҳи баланди донишу маҳорати зеҳнии худро ба намоиш гузоштанд.   Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазир — Вазири маориф, ҷавонон ва варзиши Шоҳигарии Камбоҷа доктор Хан Чуан Нарон аз сатҳи баланди омодагии иштирокдорон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Олимпиадаи Ангкор заминаи муҳими рушди тафаккури илмӣ ва рақобати солим дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.   Ҳамчунин дар ин чорабинӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Ғафорзода иштирок намуда, дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба наврасону ҷавонони болаёқат таъкид намуд.   Дастоварди навбатии дастаи Тоҷикистон дар олимпиадаи AMС–2025 бозгӯи он аст, ки наврасони кишвар қодиранд дар майдонҳои байналмилалӣ бо хонандагони кишварҳои пешрафта рақобати шоиста намоянд.

    171

    14.12.2025